Пайвандҳои дастрасӣ

Рафтори ношоиста бо муҳоҷирони беҳимоят


Дар гузориши тозаи Шӯрои Аврупо гуфта шудааст, дар Русия ба муҳоҷирони корӣ ва паноҳандагон муносибати нажодпарастона сурат мегирад. Дар гузориш омадааст: «Низоми сабти иқомати муваққатӣ намунаи гӯёи табъизи нажодӣ дар Русия ба шумор меравад. Шӯрои Аврупо дар гузориш аз мақомоти Русия хостори бозбинии ҷиддии низоми сабти иқомати муваққатӣ ва аз байн бурдани ҷанбаи табъизомези ин низом шудааст. Бино ба гузориш, пулиси Русия маҳз бо сӯйистифода аз низоми сабти иқомат ба таъбизи аққалиятҳои миллӣ даст мезанад.

Дар ҳуҷҷат тавзеҳ шудааст: чеченҳо, дигар зодагони Қафқоз, лӯлиён, туркҳои месҳетӣ, атбоъи давлатҳои муштаракулманофеъ, африқоиҳо, осиёиҳо ва ҳамчунин аққалиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла яҳудиён, аз ҳама бештар ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпараст қарор мегиранд. Бино ба хулосаи муаллифони гузориш, дар Русия зӯроварӣ дар заминаи нажодпарастӣ ва гуфтаҳои бегонаситезӣ дар сиёсат афзоиш ёфтааст. Дар гузориш муҷозоти ҳар гуна талоши барангехтани бадбинии миллӣ дар расонаҳои хабарӣ зарур ва муҳим дониста шудааст.
Ин нуктаҳои гузоришро Константин Косачев - райиси кумитаи умури байналмиллалии Думаи Давлатии Русия тасдиқ кардааст. Вай гуфтааст, дар масъалаи нажодпарастӣ вазъ дар Русия аз бештари кишварҳои узви Шӯрои Аврупо шадидтар аст ва ин воқеъиятро рад кардан душвор аст.
Ҳамзамон Лев Пономарев - раиси Ҷунбиши Ҳуқущи Башар гузориши Шӯрои Аврупоро барои Русия бисёр мубрам медонад: «Раиси ҷумҳури Русия то кунун масъалаи мубориза бо бегонаситезӣ, нажодпарастӣ ва фашизмро бо мақомдорон матраҳ накардааст, ки аломати нодида гирифтани мушкилот мебошад.
XS
SM
MD
LG