Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавонони Ӯзбакистон ва ҳодисаҳои Андиҷон


"Сенздаҳуми май рӯзи қатли ом дар Узбакистон аст."

"Рӯзи 13-уми май дар Узбакистон тағйироти зиёд ба вуҷуд омад. Ин рузи шӯриши мардум алайҳи ҳукумат аст, рӯзе, ки мардум муносибати худро ба ҳукумат нишон дод."

"Сенздаҳуми май шахсан барои ман рӯзест, ки тамоми барномаҳои зиндагии маро хароб кард. Баъди ҳамин ҳодисаҳо вазъи кишвар, вазъи таҳсил комилан дигар шуд ва эътимоди мардум ба ҳукумат ҳам рӯз то рӯз кам мешавад."

"Рости гап, ман намедонам, ки рӯзи 13-уми май чӣ ҳодиса руй дод. агар телевизионро тамошо кунӣ, ҳеҷ гоҳ аз ҳақиқати ҳол бохабар намешавӣ, аз ин рӯ ман ҳатто хабарҳоро ҳам пайгирӣ намекунам."

Ҳукумати Узбакистон мегӯянд, ки ошӯбҳои Андиҷонро тундгароёни мазҳабӣ барангехта буданд. Аммо таҳлилгарони мустақил мегуянд, ки ноқаноатмандӣ аз вазъи иқтисодиву сиёсӣ - мардуми оддӣ ва аксар ҷавононро маҷбур кард ба хиёбонҳо резанд.

Чанд ҷавони узбакистонӣ:

"Ба фикри ман мардум аз мақомот шадидан норозӣ ҳастанд, мардум ба ҳукуматдорон нафрат доранд, косаи сабрашон лабрез шудааст."

"Сабаби асосӣ дар норизоияти мардум аз вазъи сиёсии кишвар аст. Қабл аз вуқуи ин ҳодисаҳо ҳам муносибати мардум ба ҳукумат хуб набуд, аммо ҳоло вазъ боз бадтар шудааст."

"Норизоиятии мардум, камии маош аст сабаби асосии сар задани ин ҳодисаҳо. Аммо барои як оилаи оддии узбакӣ чӣ лозим аст? Дегаш ҷӯшаду дар хона нон бошад, ним кило гӯшт бошаду дар тани кӯдаконаш як пора либоси дарида ҳам бошад - кофист. Агар ҳамаи ин чизҳоро дошта бошад, одам он тарафашро худаш танзим мекунад."

Аммо руйдодҳои Андиҷон дар зиндагиву кор ва ё дидгоҳҳои насли ҷавони Узбакистон чӣ таъсире гузоштааст? Ба ин савол як мусоҳиби Радиои Озодӣ дар Тошканд чунин посух дод:

"Бояд ба назар гирем, ки барои кадом бахши ҷавонон ин ҳодисаҳо чӣ таъсире гузоштааст. Ҷавонони мо пароканда ҳастанд. хатто онҳое, ки таҳсилдида ҳастанд, ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. як бахш рӯ ба ҳукумат аст, онҳо ҷои кори хуб доранд, сару либоси нағз мепӯшанд ва чизеро, ки ҳукумат мегӯяд, онро анҷом медиҳанд. Бахши дуюми ҷавонони соҳибмаълумот дар хориҷа зиндагӣ мекунанд ва ба интихоботи оянда умед мебанданд. Ҷавонони бесавод ҳам ба 2 қисм ҷудо мешаванд. Як бахш бекор асту дар Русия дунболи шуғл мегардад, дигар бахш дар риштаи кишоварзӣ кор мекунад. Ва онҳое ҳам ҳастанд, ки охирин умедашонро дар рӯзаву намоз мебинанд, аммо онҳоро ҳам бо ҳар роҳ ба Ҳизб-Ут-Таҳрир ва ё ҳаракати исломӣ пайванд медиҳанд. тавре мебинед, онҳо ҳам мисли калонсолон аз шароити баамаломада шадидан ҳарос доранд "
Сурат Икромов, як фаъоли ҳуқуқи башар дар Тошканд мегӯяд, бо вуҷуди гузашти як сол аз руйдодҳои фоҷеабори Андиҷон мушкилоти ҷавонон ҳамоно ҳалношуда боқӣ мемонанд ва афзун ба ин, дар рӯҳияи аксарият боз эҳсоси навмедиву тарс ҳам эҷод шудааст. Яъне ҷавонон дарк мекунанд, ки дар сурати изҳори норизоияти худ, онҳоро ҳам сарнавишти қурбониёни рӯйдодҳои Андиҷон интизор хоҳад буд.

Сурат Икромов мегӯяд, баъди руйдодҳои хунини Андиҷон он бахши ҷавононе, ки имкони беҳтари моливу пулӣ доштанд, тарки кишвар карданд, ба Аврупову Ғарб барои таҳсил ва дунболи шароити беҳтар рӯ оварданд. Аммо онҳое, ки ночоранд дар кишвар бимонанд, мекӯшанд аз ҳар гуна фаъолиятҳои сиёсӣ канораҷуӣ кунанд, зеро ҳатто ба забон овардани вожаи Андиҷон дар бархе донишгоҳҳои Узбакистон баробар бо норизоиятии сиёсӣ дониста мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG