Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Абба" ва "Рақсҳои ваҳшӣ"


Дар Афини Юнон омодагиҳои ахир барои баргузории даври имсолаи озмуни мусиқии Еurovision ҷараён дорад. Дар даври имсолаи ин озмун, ки рӯзи 20-уми май натиҷагирӣ мешавад, ҳунармандони таронаҳои мардумиву попи Албанияву Андорра, Беларусу Булғористон, Хорватияву Кипр, Олмону Исроил, Украинаву Молдова, Русияву Туркия, Бритониё ва дигар кишварҳо зикр мешаванд. Аммо то рӯзи натиҷагирии ин озмуни байналмилалӣ ҳанӯз фурсат зиёд аст, дар барномаи навбатии Садои тоза мо шуморо бо натиҷаҳои ин озмун ҳатман шинос хоҳем кард. Аммо ҳоло ба сӯҳбат як мутахасссиси мусиқӣ, хабарнигори чехеро даъват мекунам, ки дар масоили мусиқиву ҳунар тахассус ёфтааст. Милош Скалка мегӯяд, озмуни Евровизион озмуни дуюмини бонуфузи аврупойӣ шинохта мешавад ва дар таърихи мавҷудияти он исмҳои ҳунармандони зиёди боистеъдод кашф шудаанд:

"Бале, озмуни Евровизион дуюмин сабқати собиқадори сатҳи аврупойӣ мебошад. Озмуни мусиқии Сан-Ремо, ки дар Итолиё доир мешавад, аввалин чунин озмуни аврупоист, ки соли 1951 таъсис ёфтааст. Евровизион 5 соли баъд ташкил шуд, имсол давраи 51умини ин озмун барпо мешавад. Ба андешаи ман, Евровизион барои рушди мусиқии байналмилили замонавӣ саҳми хеле муҳими худро мегузорад. Фарз кардем, дар оғози солҳои 70-ум ҳеҷ касе роҷеъ ба гурӯҳи шведии "Абба" чизе намедонист. Маҳз дар соли 1974 ин даста барандаи озмуни Евровизион шуд ва воқеан ҳам маъруфи ҷаҳон гардид. Ва ё Тото Кутунёи итолиёиро бигирем, ва мисоли охир - Русланаи украинӣ, ки бо "Рақсҳои ваҳшӣ"-и худ воқеан ҳам ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Аз ин хотир, ман фикр мекунам, ин озмун дар рушди мусиқӣ саҳми бузур дорад"

Оқои Скалка, бархе мегӯянд, ки ин озмун баъзан тасмимҳои сиёсӣ мегирад?

"Ба фикри ман сиёсатро аз фарҳанг ҷудо карда намешавад, онҳо ҳамеша дар паҳлӯи ҳам қадам мезананд. Масалан Русланаро бинед, ки бо мавқеи пуштибониаш аз инқилоби норанҷӣ маъруф шуд. Аммо ба андешаи ман дар озмунҳои мусиқӣ бояд танҳо хусусиёти ҳунарии овозхон ба назар гирифта шаванд"

Аммо дар мисоли Руслана, шумо чӣ назар доред: Оё дар тасмими доварон мавқеи сиёсии ӯ ба эътибор гирифта шуд ва ё ҳунариаш?

"Аз назари фарҳангӣ бояд гӯям, ки ӯ ҳеҷ мушкил надошт. Вай зарофатҳои бисёр ширини маҳалли худро рӯйи саҳна овард ва бо ҳамин вижагиаш аз дигар овозхонон ба таври куллӣ фарқ кард. Дар мисоли Руслана бояд гӯям, ки аъзои ҳакамон истеъдоди ҳунарии ӯро ба назар гирифтанд"

Оқои Скалка, онҳое, ки пайваста аз озмуни Евровизион мушоҳида мекунанд, мегӯянд, ки маъмулан дар ин озмун ғолибиятро онҳое ба даст меоранд, ки ба забони англисӣ мехонанд, ва ё мусиқиву шевайи хонишашон шабеҳи ҳунармандони ғарбӣ аст. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?

"Фикри ман чунин аст: давраҳое, ки таронаҳои поп ҳатман бояд ба забони англисӣ иҷро мешуд, гузаштанд. Бубинед Орашро, ки як ҷавони эронӣ буда дар Швеция зиндагӣ мекунад, ба форсӣ тарона иҷро мекунад. Ва ҳоло ӯро чун ситораи попи Аврупову Ғарб муаррифӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ба фикри забони англисӣ набошед. Ман фикр мекунам, ки муҳити тарона, оҳанги он, зарурати фарқияти он аз оҳангҳои сирф тиҷоратӣ муҳимтар за забони суруд аст"

Ва ба андешаи шумо, бо нигоҳе ба ҳунармандоне, ки дар озмуни имсолаи Евровизион номзад ҳастанд, мешавад гуфт, ки чӣ касе аз онҳо шонси бештари пирӯзиро дорад?

"Бо нигоҳе ба таҷрибаи солҳои пеш ва ба ҳуввияти ғолибони ин сабқат мебинем, ки ҳамеша он ҳунармандоне пирӯз мешаванд, ки дар кори ҳаррӯзаи худ бо мусиқии пастсифати поп машғул нестанд. Онҳо мусиқии замонавиро бо ҷузъиёти хеле зебои оҳангҳои мардумиву миллии худ омехта мекунанд. Бубинед, дар феҳрасти имсолаи кишварҳои ширкатдор чӣ давлатҳое номбар мешаванд: Молдова, Андорра, Албания, Туркия. Ин хеле хуб аст, чунки ба фирки ман онҳо бо фарҳанги миллии худ вориди саҳнаи аврупоӣ шуда ранги ин озмунро ғанитар мекунанд. Аммо аз ҳоло намешавад пешгуӣ кард, ки чӣ ҳунарманде пирӯзиро ба даст хоҳад овард, ба фикрам баъди давраи ниманиҳоии озмун метавонем чизеро пешгӯӣ кунем"

Ташаккур, Милош Скалка, мутахассиси мусиқии ҷаҳонӣ, ки бо нашрияву маҷаллаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Чех ҳамкорӣ мекунад, меҳмони маҷаллаи ҳунарии Садои тоза дар радиои Озодӣ буд.
XS
SM
MD
LG