Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳодоти нави Иттиҳодияи Аврупо ба Ирон хуш наомад


Раиси ҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз гуфт, Теҳрон пешниҳодоти нави кишварҳои аврупоиро дар ивази қатъи фаъолиятҳои ғанисозии уран рад хоҳад кард. Маҳмуди Аҳмадинажод зимни суханроние, ки таввасути телевизион пахш мешуд, гуфт қабули пешниҳодоти Иттиҳодияи Аврупо ба мисли гирифтани чормағзу шоколад дар ивази тиллост. Вай афзуд, ки Ирон фаъолиятҳои ғанисозии уранро на муттавақиф мекунад ва на аз он даст мекашад.
Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кардааст, ки дар сурати даст кашидани Ирон аз тамоми фаъолиятҳои ғанисозии уран ба ин кишвар технологияҳои нерӯгоҳҳои ҳастаии навъи оби сабук хоҳанд дод. Ба гуфтаи дипломатҳои ғарбӣ, Бритониё, Фаронса ва Олмон масьалаи изофаи фанновариҳои нерӯгоҳҳои ҳастаии навъи оби сабукро ба пешниҳодоташон ба Ирон баррасӣ мекунанд. Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин Амрико Иронро ба он муттаҳам мекунанд, ки саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, агарчӣ ин иддаоро Ирон пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG