Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии ҳукумати Ҷопон ба беморхонаҳои Тоҷикистон


Ҳукумати Ҷопон ба бузургтарин беморхонаи Тоҷикистон, беморхонаи марказии ба номи Дяков маъруф ба Қараболо таҷҳизоти муосири тиббӣ тақдим кард. Дар як маросиме, ки имрӯз дар ин беморхона бо ширкати вазири беҳдошти Тоҷикистон, сафири Ҷопон дар Душанбе ва дигар мақомоти масъул баргузор шуд, гуфта шуд, маблағи тарҳи кӯмак ба ин беморхона тақрибан 4, 4 миллион доллар буда ва беш аз сад номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва маводи адвияро дар бар мегирад. Ёрии билоивази ҳукумати Ҷопон ба маризхонаи марказии Тоҷикистон ба хотири ташхис ва муолаҷаи муассиртари маризон ва омӯзиши пизишкони тоҷик будааст. Дар доираи ин тарҳи кӯмак беморхонаи марказии ба номи Дякови Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти ташхискунандаи маризӣ аз ҷумла, томографи компютерӣ шуд. Дар нимаи дуввуми имрӯз ҳамчунин дар назар аст, дар чаҳорчӯбаи ин тарҳи ёрии ҳукумати Ҷопон ба беморхонаи марказии ноҳияи Ваҳдат низ таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ тақдим бишавад.
XS
SM
MD
LG