Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Помир" - "Хуҷанд": Бозии бидуни гол


Ду бозии навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни тимҳои лигаи олӣ бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт. Дастаи «ХИМА»-и Душанбе дар майдони худ бозиро бо тими «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ бо натиҷаи 1 бар 1 ба анҷом расонд. Дидори СКА «Помир»-и Душанбе бо тими меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бидуни гол ба поён расид. Вале натоиҷи ин бозиҳо мавқеи дастаҳои пешсафро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 16 имтиёз ҷойи аввал, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 13 имтиёз ҷойи дуввум ва СSKA-и Душанбе бо 9 имтиёз ҷойи севвумро ишғол мекунанд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 17 май:

1. «Парвоз» - 16 имтиёз (6 бозӣ)
2. «Регар» ТадАЗ - 13 (5)
3. СSKA - 9 (5)
4. «ХИМА» - 8 (4)
5. «О.Каримзод» - 8 (7)
6. «Вахш» - 6 (2)
7. «Хуҷанд» - 6 (7)
8. «Саройкамар» - 5 (5)
9. «Ориёно» - 5 (5)
10. СКА «Помир» - 4 (5)
11. «Тоҷиктелеком» - 3 (5)
12. «Динамо» - 2 (6)
XS
SM
MD
LG