Пайвандҳои дастрасӣ

Усмон Назир - раиси нави Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ


Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ раис ва ҳайъати нави раёсати худро интихоб кард. Ойиша Ҳомидова, муовини раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ гуфт, маъракаи интихоби раис баъди якуним соли даргузашти рӯзноманигори шинохта Мазҳабшо Муҳаббатшоев, раиси пешини ин созмон дар ҷаласаи ахири ин созмон сурат гирифта, бо 80 дарсади ройҳо шоир ва донишманди тоҷик, собиқ узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Усмон Назир раиси бунёд интихоб гардид.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир раёсат ва раиси тозаинтихоби Бунёди забон тамоми талошро барои эҳёи фаъолияти ин созмон ба харҷ хоҳад дод. Зеро фаъолияти ин созмон тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан низ бо далоили мухталиф аз ҷумла ба иллати набуди маблағ мутаваққиф шуда буд ва Бунёди забон натавонист дар роҳи рушди забонии форсии тоҷикӣ ва иҷроӣ шудани Қонуни забони тоҷикӣ дар кишвар фаъолияти босамар дошта бошад.

Ойиша Ҳомидова афзуд, ҳоло дар ҳайати раёсати нав аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон, бархе аз кормандони баландмақоми дастгоҳи иҷроияи раёсатиҷумҳурӣ ва афроди саршиноси ҳамзабон дар хориҷ аз кишвар интихоб шудаанд ва бунёд мехоҳад бо мусоидат ва пуштибони ин афрод ва афроди дорои кишвар барои равнақи забони давлатӣ дар кишвар корҳои шоистаеро ба анҷом расонад.

Яке аз аҳдофи мо ин аст,ки афзуд хонум Ҳомидова нашри дубораи «Сомон»- рӯзномаи Бунёдро ба роҳ андозем ва низ дар 22 июл -рӯзи забони тоҷикӣ як сабқати телевизионӣ ба хотири ҷамъоварии маблағ баргузор кунем. Хонум Ҳомидова мӯътақид аст, ки Усмон Назир раиси тозаиинтихоби Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ,ки узви порлумони қаблии кишвар буд бо мақомот ва масъулини идороти давлатӣ робитаи хуб дорад ва ин имконият медиҳад кори Бунёди Забон ба таври қобили мулоҳиза пешрафт пайдо кунад.

Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ нахустин созмони ғайридавлати дар Осиёи Марказӣ дар замони шӯравӣ буд,ки дар соли 1989 расман ба фаъолият оғоз кардааст. Дар анҷумани нахустини ин созмон шоири фақиди тоҷик Лоиқ Шералӣ - раиси бунёди забон интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG