Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавзеҳоти мақомот дар бораи ҳодисаи Лакон


МИ

Мақомоти Суғд дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона ба посгоҳи марзбонони тоҷик, воқеъ дар Исфара танҳо дар рӯзи чаҳоруми ин ҳодиса расман ба хабарнигорон иттилоъ доданд.Мирзонаим Муртазоев-сардори шӯъбаи ташкилӣ ва назорати Раёсати умури дохилаи Суғд субҳи рӯзи сешанбеи 16-уми май баъзе ҷузъиёти нави ҳамлаи мусаллаҳона ба қароргоҳи марзбонони тоҷик, воқеъ дар маҳали Лакони Исфара, 130 киламетрии Хуҷандро тавзеҳ дод:

«Тахминан соати яку ними нимашаби 12-уми май як гурӯҳи ҷинояткор, иборат аз панҷ нафар бо мақсади ба даст овардани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ба ин посгоҳ ҳамла карда, се сарҳадбон : Расулов Дилшод, Ҳамроқулов Носир ва Исматов Раҳматро ба ҳалокат расонида, ҳабдаҳ адад автомат ва як пулемётии Калашниковро рабуда, дар автомашинаи «Опел», мутааллиқ ба шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Исфара-Дилшод Раҳимов, ки рақамҳои сохтаи давлатии Қирғизистон дошт, ба қаламрави ин ҷумҳурӣ гузаштанд».

Аммо шоҳидони ҳол чанд тан аз сарбозони қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара 13- май шумораи нафарони шабохунзадаро ҳадди ақал нуҳ тан гуфта буданд. Сарҳанги пулис Муртазоев меафзояд дар натиҷаи амалиёти якҷояи низомии мақомоти қудратии Тоҷикистону Қирғизистон чаҳор тан аз ҷинояткорон дар маҳали кӯҳистонии вилояти Бодканд, дар ноҳияи Қадамҷой кушта ва як нафари қирғиз аз ин гурӯҳ дастгир карда шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, як шаҳрванди Узбакистон низ барои ҳамдастӣ бо гурӯҳи ҷинояткорон мавриди боздошт қарор гирифтааст:

«Дар шаҳри Қизилкияи вилояти Бодканд шаҳрванди Узбакистон Хӯҷаев Абдураҳим, ки аз соли 2000-ум дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон шомил буда, омода ба истиқболи гурӯҳи ҳамлавар буд, дастгир шудааст.»

Мақомоти Қирғизистон ба далели ошкор накардани сирри тафтишоти қаблӣ аз ифшои ному шахсияти нафарони ба ҳалокатрасида аз гурӯҳи ҳамлавар худдорӣ варзидааст. Ба гуфтаи сарҳанг Муртазоев, эҳтимол дорад як нафари ба ҳалокатрасида аз гурӯҳи ҳамлакунанда сокини 27 солаи Исфара Дилшод Раҳимов бошад. Бо вуҷуди ин ки мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон баъзе аз афроди ҳамлаварро муттаъалиқ ба Ҷунбиши Исломии Узбакистон медонанд, вале то ба имрӯз нагуфтаанд, ки ҳадафи ниҳоии ин гурӯҳ чӣ будааст ва аз сӯи кадом нирӯ ё созмоне пуштибонӣ мебинад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG