Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоркуҳ:Пайванде аз гузаштаҳо бо имруз


аз Чоркуҳи Исфара Брус Панир Чоркуҳ деҳаи пуровозаи ноҳияи Исфара бо мардуми заҳматдусти худ дар Шимоли Тоҷикистон машҳур аст. Аҳолии ин деҳ аслан аз боғдорӣ ва соири корҳои кишоварзӣ зиндагии худро пеш мебаранд. Гарчӣ дар ин дара замини кишт ва обёришаванда кам аст, чун аз номаш ҳам маълум аст, яъне Чоркуҳ, вале мардум ба қавли маъруф аз ҳар ваҷаби замин пурсамар истифода мекунанд. Вижагии Чоркуҳ ин аст, ки суннатҳои исломӣ дар он ҷо решаҳои амиқ дорад.

Брус Панир-хабарнигори баши ҷаҳонии родюи Озодӣ ҳангоми боздид аз деҳи Чоркуҳ бо чанд тан аз сокинони ин деҳ мусоҳиб шудааст ва мушоҳидоти худро ба қалам додааст. Ба навиштаи ин рузноманигори ғарбӣ, аҳолии Чоркуҳ тақрибан 32 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Мисли баъзе шаҳракҳои Осиёи Марказӣ Чоркуҳ шаҳрак ё деҳаи замонавист. Дар ин ҷо барқ ҳаст ва сокинон ҳамеша бо мошинҳои худ ба деҳоти атроф рафту омад мекунанд. Наврасонеро дар кучаҳои деҳ метавон дучор омад, ки телефонҳои ҳамроҳ ё мобил дар даст бо ифтихор бо дустони худ суҳбат мекунанд. Руи боми баъзе хонаҳо мавҷгир ё онтенҳои моҳвораӣ низ ба чашм мехурад. Байни сокинони Чоркуҳ ва деҳоти ҳамсоя баъзе тафовутҳои ҷолиб ба назар мерасад. Дар атрофи Чоркуҳ бо заноне дучор меоӣ, ки бо руймол ними руй ва баъзеҳо ҳамаи руи худро пушидаанд. Абдулвакил Шарипов-раиси Шурои Деҳоти Чоркуҳ мегуяд, занон дар интихоби либос, тарзи пушидани он ва риъояти маносики мазҳабӣ комилан озод ҳастанд:

"Занҳо, ба хусус занони ҷамоъати Чоркуҳ хеле озод ҳастанд, зеро баробари мардон онҳо исломи худашонро дуст медоранд ва мешиносанд. Ҳамаи онҳо намоз ва дустдори ислом мебошанд".

Дар Чоркуҳ ҳамаи занон руйпуш нестанд. Фақат баъзеи онҳо вақте, ки аз хона берун мераванд, ин корро мекунанд. Брус Панир менависад, чизи дигаре, ки билофосила ба чашм мехурад, ин аст, ки дар кучаҳои Чоркуҳ занону мардонро як ҷо бо ҳам намебинӣ. Занон бо чодар ва ё бидуни чодар гуруҳ-гуруҳ ва ё бо кудакони худ гашту гузор мекунанд, вале дар ҷамъи онҳо мардон ба назар намерасанд. Абдулвакил Шарипов мегуяд, аҳолии Чоркуҳ суннатҳои қадими исломиро риъоят мекунанд:

"Деҳаи Чоркуҳ бо ёдгориҳои исломии худаш фахр мекунад. Масалан дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон масҷиди Ҳазрати Шоҳ, ки дар асри нуҳ сохта шудааст, яъне дар аҳди Сомониён, мо бо он фахр мекунем".

Ба гуфтаи Шарипов, ин масҷид гузаштаи Чоркуҳро бо ҳаёти имрузааш пайванд медиҳад. Бо назардошти чунин вижагиҳои Чоркуҳ наметавонӣ бигуӣ, ки ин деҳа сафҳае аз гузаштаи ин минтақа аст ва ё дар худ нурҳои рушанеро аз вижагиҳои зиндагии имрузу оянда таҷассум кардааст. Ба навиштаи Брус Панир-хабарнигори родюи Озодӣ, Чоркуҳ як суннати муҳими худро низ дорад ва он намунаи эҳтиром ба суннатҳои исломист. Абдулвакил Шарипов дар ин бора чунин мегуяд:

"Шумо ҳамаи деҳоти Чоркуҳро бигардед, ҳеҷ кас манъ накардааст, вале нушокии спиртӣ нест. Мардум аз ин чизи зишт дур шуданд. Он зеби мардуми тоҷик нест".

Бино ба навиштаи Брус Паниер, дар маркази деҳа як мағозаи фуруши нушокиҳои спиртӣ будааст, вале ду соли қабл афроди номаълум онро оташ задаанд. То ҳол касе ҷуръат накардааст, чунин мағоза боз кунад. Шояд баъзеҳо ба нушидани он майл доранд ва дар хона менушанд, то касе набинад. Дар ин деҳа 99 дарсади аҳолӣ дар интихоботи порламонӣ барои Ҳизби наҳзати исломӣ рай доданд. Дар баробари ин, ҳануз нишонаҳоеро дар Чоркуҳ мебинӣ, ки гуёи бозмондаҳои Шуравии собиқ аст. Навиштаи руи мағозаҳо то ҳол ба забони русӣ ва тоҷикӣ ба чашм мехурад. Касе наметавонад, бигуяд, ки он солҳо нисбат ба имруз даврони хубе будааст. Масалан, як донишҷуи мадрасаи исломӣ чунин назар дорад:

"Хушбахтона, ҳоло истиқлол ба даст овардем, ҳоло ҳама масҷидҳову мадрасаҳо боз аст. Талабаҳо дарсашонро мегиранд, мардум намозашонро мехонанд, ин хушбахтии мардуми тоҷик аст. Дар давраи Шуравӣ масҷидҳо баста буданд. Баъди истиқлол масҷидҳои зиёд сохтанд".

Ин нутаи назар низ дар Чоркуҳ вуҷуд дорад, ки риъояти маносику суннатҳои мазҳабӣ ҳамаи душвории мардумро рафъ накардааст. Аммо агар одилона ба Чоркуҳ назар андозӣ, эҳсос мекунӣ, ки он ояндаи дурахшон дорад.

Баргардони Н.Холзода
XS
SM
MD
LG