Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Спартакиада идома дорад


Дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе дар Cпартакиадаи мактаббачагони Тоҷикистон, ки дар пойтахти ин кишвар ва шаҳри Турсунзода ҷараён дорад, дар ҷойи аввал мебошад. Варзишгарони Душанбе дар мусобиқот доир ба се риштаи варзиш - гуштии озод, самбо ва варзиши сабук байни дастаҳо мақоми аввалро касб карда, 27 медали тилло, 16 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Дастаи мунтахаби вилояти Суғд бо 19 медали тилло, 17 нуқра ва 13 биринҷӣ дар ҷойи дуввум қарор дорад. Ин даста дар сабқати варзиши сабук ва гуштии самбо мақоми дуввум ва дар гуштии озод мақоми севвумро ишғол кардааст. Дастаи мунтахаби вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ бо 7 медали тилло ва 7 медали биринҷӣ дар ҷойи севвум мебошад. Варзишгарони навраси Бадахшон дар сабқати варзиши сабук ва гуштии самбо соҳиби ҷоизаи севвум шуданд.

Мусобиқот миёни шаш дастаи мунтахаби вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва навоҳии минтақаи Рашт дар риштаҳои баскетбол, волейбол, гуштии дзюдо, гуштии фарангӣ, тенниси рӯи миз ва футболи хурд дар шаҳри Душанбе ва доир ба ду навъи варзиш - баскетболу таэквон-до WTF дар шаҳри Турсунзода рӯзи чоршанбеи 17 март ба поён мерасад.

Ва як хабари дигар. Ширкаткунандагони пойгаи марафонии Душанбе-Кӯлоб, ки дарозиаш 218 километр аст, рӯзи сешанбеи 16 май ба марра расиданд. Бино ба иттилоъи Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар пойга ҳамагӣ 16 нафар - давандаҳо, велосипедронҳо, собиқадорони варзиш ва намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ширкат карданд. Пойгаи марафонӣ ба ҷашни 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон ва 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бахшида шудааст.
XS
SM
MD
LG