Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба деҳаи Зиракии Кӯлоб оби чашма омад


Тақрибан се ҳазор сокини деҳаи Зиракӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ранҷи обкашӣ аз дурии се-панҷ километр раҳо шуданд. Созмони бритониёвии Оксфам бо анҷоми як тарҳи шст ҳазор доллара аз дурии шаш километр, аз чашмаи деҳаи Кӯлдомани ноҳияи Мӯъминобод ба деҳаи Зиракии Кӯлоб лӯла кашида об овард. Бино бар гуфтаи Саидмӯъмин Камолов, корманди ин созмон, ба ифтихори анҷомёбии ин тарҳ дар шаҳри Кӯлоб як маросиме бо ширкати мақомоти шаҳр ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ баргузор шуд. Дар доираи ин тарҳ барои нигоҳдошти об ҳамчунин чаҳор махзан ва 45 нуқтаи обтақсимкунӣ бунёд шудааст, ки аз ҷумла, мактаб, боғча, бунгоҳи тиббӣ, масҷид ва бозорчаи деҳаро низ бо об таъмин менамояд.
XS
SM
MD
LG