Пайвандҳои дастрасӣ

Футбол дар қатлгоҳи собиқ


Кобул Дар Афғонистон баъд аз таваққуфи 28 - сола бори аввал мусобиқаҳои байналмилалии футбол шурӯъ шуд.

Муҳаммад Анвар Чагдалак, раиси Кумитаи миллии олимпии Афғонистон гуфт, дар ин рақобатҳо тимҳои Эрон, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Вай афзуд, дастаи миллии Ҳиндустон, ки қарор буд, низ дар мусобиқа ширкат кунад, ба Афғонистон наомад: "Фикр мекунам ба наомадани тими Ҳиндустон қатли як муҳандиси ҳиндӣ, ки чанде пеш дар вилояти Зобул кушта шуд, таъсир кардааст. Яъне тими Ҳиндустон бо далоили амниятӣ натавонистааст, ки дар мусобиқот ширкат кунад. Иншоаллоҳ, ин сабқат ба хушӣ оғоз шуд ва ба хушӣ анҷом хоҳад ёфт. Ин худ паёми сулҳу оромиш дар Афғонистон аст, ки ҳамсояҳои мо ба ин мусобиқа омаданд."
Ба иттилоъи Кумитаи миллии олимпии Афғонистон, аввалин мусобиқаҳои байналмилалии футбол дар Афғонистон дар соли 1974 баргузор гардиданд. Соли 1978 баробари ба сари қудрат омадани режими коммунистӣ баргузории сабқати байналмилалии футбол дар Афғонистон барҳам хӯрд.
Дар рақобатҳои феълӣ дар Кобул, ки як ҳафта давом хоҳад кард, Афғонистон бо ду тими футбол - "Ормон" ва "Умед" ба майдон мебарояд. "Ормон" бозии аввалини худро бо тими Покистон бо ҳисоби 1:0 бурд. Дастаи Тоҷикистон имрӯз бо тими "Умед"-и Афғонистон қувва меозмояд. Ҳарифи дуввуми тими Тоҷикистон тими Ҷумҳурии исломии Эрон аст. Мусобиқаҳои байналмилалии футбол дар Кобул таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор мегардад. Тамошобинонро аз майдони футбол панҷараи баланди оҳанин чудо мекунад.
Солҳои 1996 то 2001 стадиони Кобул қатлгоҳи режими Толибон буд.
XS
SM
MD
LG