Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳиши ҳамлаи Лаккон идома дорад


Баъд аз хатми амалиёт бар зидди ҷинояткорон дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳо ба таҳқиқи ин ҳодиса машғуланд. Имрӯз мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки барои таҳкими амният дар марз бо Қирғизистон нируҳои изофӣ фиристодаанд.

12-уми май мардони мусаллаҳи номаълум ба посгоҳи марзии Тоҷикистон дар Лакони Исфара ҳамла бурданд ва 3 марзбони тоҷикро ба қатл расонданд. Сипас ҷинояткорон вориди қаламрави Қирғизистон шуданд ва дар он ҷо низ ба муқовимати касе рӯ ба рӯ нашуданд. Бо истифода аз чунин вазъ ҷинояткорони мусаллаҳ 2 сарбози қирғизро низ ҳадафи тир қарор доданд. Дар бораи шумораи кушташудагон маълумоти дақиқ дода намешавад. Ҳатто ҷониби Қирғизистон дар як хабар шумораи умумии кушташудагонро 13 нафар гуфтааст. Ҳуввияти ҷинояткорон низ то ҳол рӯшан нашудааст. Бино ба баъзе хабарҳо аз ҷониби Қирғизистон 2 нафар аз ширкаткунандагони ин табаҳкорӣ боздошт шудаанд ва ба суолоти мақомоти интизомии Қирғизистон посух медиҳанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки табаҳкоронро дар ин ҳодиса як сарбози собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Дилшод Раҳимов раҳбарӣ кардааст ва ин гурӯҳ гуё бо Ҳизб-ут-Таҳрир иртибот доштааст.

Аммо ҷониби Қирғизистон шиква дорад, ки ҳангоми рух додани ин ҳодиса миёни марзбонон ва кормандони гумруки ин ду кишвар робита вуҷуд надоштааст вагарна ин ҷинояткорон наметавонистанд ба дохили қаламрави Қирғизистон роҳ ёбанд. Қурмонбек Боқиев - раисиҷумҳури Қирғизистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, ки баъзе саҳлангориҳо миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз вуҷуд доштааст:"Агар байни марзбонони тоҷик ва қирғиз робитаи наздик вуҷуд медошт, шаш нафар аз ҷониби мо кушта намешуданд. Чаҳор сарбоз, як мақоми гумрук ва як ғайринизомӣ. Агар ҳамкории беҳтар мебуд, ин қадр одами зиёд кушта намешуд".

Оқои Боқиев афзуд, агар ҳамкории дуҷониба вуҷуд дошт, ҷинояткорон наметавонистанд ба умқи қаламрави Қирғизистон ворид шаванд. Ҳатто, ҳангоме ки онҳо ба посгоҳи гумруки Қирғизистон наздик шуданд, кормандони гумрук ва марзбонӣ ин ҷинояткоронро билофосила метавонистанд дастгир ва ё нобуд кунанд, зеро онҳо дар марзи Тоҷикистон одам кушта буданд ва аслиҳа ба ғанимат гирифта буданд. Ва дабири Шӯрои амнияти Қирғизистонгуфтааст, ки ҷониби Қирғизистон баъд аз ин ҳодиса барои ҳимояти марзҳояш нируҳои изофӣ намефиристад ва ин ҳодиса сабаби тамаркузи нируҳо ва сарбозгирӣ нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG