Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси қонуни дини Тоҷикистон


Тарҳи нави қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ, ки Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон омода кардааст, боиси нигаронӣ ва норозигии қариб тамоми ташкилотҳои динии кишвар гардид. Ақаллиятҳои динии Тоҷикистон ин лоиҳаро поймолшавии ҳуқуқи пайравони худ арзёбӣ мекунанд, вале намояндагони дини ислом мегӯянд, лоиҳаи қонуни мазкур қабл аз ҳама бо мақсади маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои исломӣ таҳия шудааст. Зайниддин Наботов, мудири бахши фиқҳи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мегӯяд, лоиҳаи қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ хилофи қонуни шариат аст ва ҳуқуқи мусалмононро нақз мекунад.

Ҳамзамон Георгий Акимов, раиси иттиҳоди созмонҳои масеҳию баптистии Тоҷикистон бо таъкид ба ин, ки бояд қонуни амалкунанда лағв нашавад, гуфт, қонуни мазкур бештар аз ҳуқуқи ақаллиятҳои динӣ ҳифз мекунад. Лоиҳаи нави қонун бошад, як идда монеаҳо дар роҳи рушди адёни ғайриисломӣ дар Тоҷикистонро эҷод хоҳад кард:"Мутобиқи ҳисоби мо, шумори протестантҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 0,1 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад. Лоиҳаи қонуни нав бошад, ба назар чунин мерасад, ки бештар ба ислом нигаронида шудааст. дар ин лоиҳа як идда масъалаҳое ҳастанд, ки ақалиятҳои динӣ дар иҷрои он оҷизанд. Масалан, имзои 220 пайрави дини масеҳӣ барои таъсиси ибодатгоҳ ба воқеият рост намеояд."

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои машваратии Созмон Амнияту Ҳамкории Аврупо оид ба озодии дин ё эътиқод лоиҳаи қонуни нави озодии виҷдон ва созмонҳои динии Тоҷикистонро нобарор хонда ва қариб тамоми бандҳои онро хилофи қавонини байналмилалӣ дарёфтааст. Томас Крапф, мушовири САҲА дар масоили дину эътиқод қариб 20 далели ихтилофи ин лоиҳа бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалро номбар кард: "Ҳарчанд лоиҳаи қонун баъзе меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро риоя мекунад, аммо дар ҳолатҳои алоҳида хилофи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аст. Матни лоиҳаи қонун норӯшан аст ва мақомот дар амал метавонанд онро ба фоидаи худ таҳриф кунанд. Ҳамзамон бандҳои ин қонун ҷое хилофи ҳаманд. Лоиҳаи мазкур фаъолияти гурӯҳҳои хурд ва созмонҳои сабтиномнашудаи диниро маҳдуд ва ақаллиятҳои диниро ғайриқонунӣ тазйиқ медиҳад. Зимнан қонун пешбинӣ мекунад, ки назорати давлат аз болои адён ва фаъолияти динӣ шадидтар ва иштироки динҳо дар раванди демократикунонӣ маҳдуд шавад. Ҳамзамон тибқи ин лоиҳа, ноболиғон аз ҳаққи маълумоти динӣ гирифтан маҳруманд, ҳуқуқи волидони онҳо низ поймол мешавад."

Ва аммо Муродуллоҳ Давлатов, раиси Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар ин робита гуфт, ки лоиҳаи мазкур ҳанӯз мукаммал нест ва барои баррасӣ ба порлумони кишвар ирсол нашудааст. Оқои Давлатов аз созмонҳои динӣ ва байналмилалӣ даъват кард, ҷиҳати такмили қонун пешинҳодоти худро ироа кунанад.
XS
SM
MD
LG