Пайвандҳои дастрасӣ

Назари коршиносон ба шабехун дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Исфара - Хуҷанд Ду ҳамлаи мусаллаҳона дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ношинос - яке ба боздоштгоҳи муваққатии Қайроқум дар авохири моҳи январ, ки сарвари маҳбасро кушта бар ҷой гузошт ва бо фирори як маҳбус анҷом ёфт ва шабехуни нимашаби 12 май ба қароргоҳи марзбонони тоҷик ва посгоҳи марзии қирғиз, ки низ ҷони 5 марзбони тоҷику қирғиз ва як сокини осоиштаро рабуд - мақомот ва маҳофили шимоли Тоҷикистонро дар ҳоли ташвиш гузоштааст.

Масъулини ситоди марзбонии вилояти Суғд афроди ҳамлавар ба қароргоҳи марзбонии Тоҷикистон дар мавзеъи Лаккони Исфара, 130-километрии Хуҷандро ба думболи ҳодиса гурӯҳи ҷиноии тундгаро номиданд. Мақомоти марзбонии Қирғизистон гурӯҳи ҳамлаварро ба Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) ва Ҳизб-ут-Таҳрир нисбат доданд. Бо такя ба далеле, ки як ҳамлавари дастгиршуда Дилшод Раҳимов бародари Фатҳулло Раҳимов будааст, фарде, ки дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи моҳи январ аз маҳбаси Қайроқум фирор карда буд. Ин фард, ба иттилоъи додситонии Суғд, ба гумони ҳамдастӣ бо ҲИУ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва судури як теъдод ҷиноёти вазнин дар боздошт ба сар мебурд. Аммо ҷониби Қирғизистон назари худро дар мавриди фарзияи даст доштани Ҳизб-ут-Таҳрир дар ҳамла ба марзбонони тоҷику қирғиз ҳанӯз шарҳ надодааст. Бо вуҷуди ин ки 4 нафар аз дастаи ҳамлавар кушта ва ду тан дастгир шудаанд.

Вале гурӯҳи ҳамлавар чӣ гуна гурӯҳест ва ҳадафи аслии он чӣ будааст? Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сурати умум мақсади гурӯҳи ҳамлаварро ба даст овардани силоҳҳои ҷангӣ ва муташанниҷ сохтани авзоъ дар 3 кишвари ҳамсарҳади Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон эълон доштанд. Аммо мақомоти ҳарду ҷониб то кунун дар бораи гурӯҳи ҳамлавар ва мансубияти аъзои он ба созмонҳои маълум аз тариқи расонаҳои хабарӣ маълумоти бештаре надодаанд.

Иддае аз коршиносони Суғд бар ин назаранд, ки шояд як гурӯҳи мусалалҳи нав ба майдони фаъолияти тундгароёна бо ҳадафҳои хоси худ барои минтақаи водии Фарғона ворид шуда бошад, аммо намешавад ин гурӯҳи ҷиноиро мазҳабӣ хонд. Бархе дигар аз коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки ба майдон ворид шудани ин гурӯҳ нишонаҳои аввалини ба ҳам омадани аъзои пешин ва ҳозири ҲИУ, Ҳизб-ут-Таҳрир ва дигар ингуна ҳаракатҳоест, ки ба худ тобиши исломӣ медиҳанд.

Аз ин ҷо як мавзӯъи аслии баҳс миёни коршиносон дар бораи эҳтимоли дар оянда ба ҳам омадани ҳама ҳаракат ва созмонҳои мазҳабӣ барои фаъолияти якҷоя барои минтақаи водии Фарғона ва умуман Осиёи Марказӣ аст. Ба ақидаи коршиносон, дар водии Фарғона омилҳое барои ин вуҷуд дорад.

Абдуғаффор Қаландаров, додситони Суғд чанде қабл дар мавриде, ки дар бораи фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир ва ҳаракати исломии Узбакистон суҳбат мекард, эҳтимоли ҳамоиши ҳизбу ҳаракатҳои динии минтақаро воқеъӣ хонд : «Як маротиба аз кумитаи дин, масъулони масҷиду мадрасаҳо бипурсед, ки онҳо кадом ақидаро дастгирӣ мекунанд? Дар ақидаи Ҳизби Таҳрир ҳастанд ё ақидаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва ё ақидаи дигар? Онҳо ҳуқуқ надоранд дар ин маврид мӯҳри хамӯшӣ бар лаб зананд. Баъзе муфаттишони мо ақида доранд, ки онҳо (аъзои Ҳизб-ут-таҳрир ва ҲИУ- РО) дар як рӯзи бад бо ҳама ҳизбу ҳаракатҳое, ки асосашон ислом аст, якҷоя мешаванд.»

Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд танҳо Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон фаъолияти қонунӣ ва ошкор дорад. Фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир ва бозмондаҳои ҲИУ ба тариқи пинҳон ва ғайриқонунӣ сурат мегирад. Дар ҳоли ҳозир, ин 3 созмони диниро ихтилофҳои назариву амалӣ аз ҳам ҷудо ва дар мавқеъҳои мухталиф нигаҳ медоранд. Вале профессор Карим Абдулов, сиёсатшиноси тоҷик ба ҳам омадани гурӯҳҳои бозмондаи ҲИУ бо Ҳизб-ут-таҳрирро дар шароити мувофиқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дур аз воқеъият намедонад : «Агар ҲИУ ва Ҳизб-ут-Таҳрири Узбакистон ба тарафдории худ қувваи бузурге, мисли артиши Маҳмуд Худойбердиев, ин полковники исёнгарро бикашанд, дар он сурат на ки ба муқобили ҳукумати қонунии Тоҷикистон, балки бар зидди ҳукумати Узбакистон низ мубориза карда метавонанд. Ғайр аз ин аз эҳтимол дур нест, дар Узбакистон ва Тоҷикистон худойбердиевҳои дигар тайёрӣ дида истода бошанд, ки мо онҳоро надонем. Лекин, ба назари ман, дар 10 - 20 соли баъдӣ имкони чунин исён на муқобили Узбакистон ва на Тоҷикистон вуҷуд надорад.»

Аммо ба назари Хулқар Юсуфов, коршиноси суғдӣ, душманӣ ва зиддиятҳое, ки байни дастаи Маҳмуд Худойбердиев ва бозмондаи ҲИУ вуҷуд дорад, аз як сӯ, аз сӯи дигар, барномаҳои мухолифи ҳами Ҳизб-ут-Таҳрир бо ҲИУ имкони иттиҳоди онҳоро ба нестӣ мебарад : «Иттиҳоди дастаи Маҳмуд Худойбердиев бо душмани давлати Узбакистон - ҳаракати исломии ин кишвар имкон надорад. Зеро полковники ошӯбгари тоҷик бо дастаи мусаллаҳаш дар паноҳи давлати Узбакистон қарор дорад ва дар сурати иттиҳод бо ҳаракати исломии ин кишвар барои ӯву дастааш дар қаламрави Узбакистон ҷои пой нахоҳад монд. Аз тарафи дигар, бозмондаи гурӯҳҳои мусаллаҳи ҲИУ наметавонад бо Ҳизб-ут-таҳрир низ бипайвандад. Зеро барномаҳои амали онҳо дигар ва мухолифи ҳам аст, Ҳизб-ут-Таҳрир, то дараҷае ки ман медонам, ҷанг ва хунрезиро талаб намекунад, аммо ҲИУ ҷонибдори муборизаи мусаллаҳона аст.»

Вале акнун баргардем ба оғози мавзӯъ. Ишораи додситони Суғд дар мавриди ба ҳам омодани созмонҳои динӣ дар шароити мусоид ба он маънӣ буд, ки ахиран кормандони ин мақомот дар Хуҷанд якҷоя бо мақомоти интизомӣ иртиботи як узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро бо як гурӯҳи мусаллаҳи мансуб ба ҲИУ ошкор ва аз манзили зисти вай силоҳи оташфишон дарёфт кардаанд. Вале ин як ҳодисаро метавон далели вуҷуди ҳамдастӣ миёни ҳизби наҳзат ва аъзои бозмондаи ҲИУ ҳисобид? Салоҳидин Ҳусайнзода - муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар вилояти Суғд ҳама гуна иртиботи ҳизбашро дар ҳозир ва оянда бо ҳиу ва дигар созмонҳои мамнӯъи динӣ рад мекунад : «Ҳизби мо решаҳои чуқури милливу мазҳабӣ дорад, мо бо ин миллат ҳастем ва бо он якҷоя фаъолият мекунем. Ва агар ба тасодуф нафаре аз аъзои ҳизби мо ба сӯи ин гуна ҳаракатҳои ноҷо майл кунанд, мо онҳоро аз сафи худ меронем. Зеро мо амният ва сулҳ дар Тоҷикистонро бо қимати хеле гарон ба даст овардаем ва онро муҳофизат хоҳем кард.»
XS
SM
MD
LG