Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Елизавета кӯмак кунед


Фирӯзи Барот

Хонаводаи духтаре, ки ахиран бар асари як ҳамлаи хирси гурусна дасти росташро аз даст додааст, аз одамони хайрхоҳ кӯмаки молӣ мехоҳад. Ин ҳодиса ахиран дар боғи ҷонварони пойтахт рух дод.

Елизавета ҳамроҳи падараш барои тамошо ба боғи ҷонварони Душанбе рафтааст. Модари Елизавета дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки зимни наздик шудан ба қафаси хирс духтарак хостааст ба ин чонвар як пора нон дароз кунад, аммо хирси гурусна аз паси панҷара дасти рости духтаракро, ки нонро дароз мекард, аз китфаш кандааст.

Елизавета феълан дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи низомии Русия қарор дошта, ба гуфтаи табибон, таҳти фишори сахти равонӣ қарор дорад. Олга Кострикова, модари Елизавета, ки худ низ корманди тиб аст, чунин мегӯяд: "Дар наздикӣ тамошобинон ва нозири боғи ҷонварон қарор доштаан, аммо касе ба кӯмак наомадааст. Шавҳарам оҳанеро гирифта хирсро рондааст ва аммо хирс дасти духтарамро канда, баъд ба кунҷи қафас гурехтаст. Вақте ки ман ба беморхона омадам, ҷисми дар хун оғӯштаи Елизаветаро дидам. Ман, ки табиб ҳастам, нахуст фарёд задам, ки дасти духтарам дар куҷост ва ба ман гуфтанд, ки даст дар боғи ҷонварон аст. Дар боғи ҷонварон ба ман касе аҳамият намедод, ман ҳаргиз чеҳраҳои беҳисс ва табассумҳои онҳоро аз хотир фаромӯш намекунам. Ман ба назди қафаси хирс наздик шудам ва дар кунҷи он даст, аниқтараш устухонҳои нимхоидаи дасти духтарамро дидам. Ман бо як роҳе боқимондаҳои дасти духтарамро ба синаам пахш кардаму ба беморхона омадам ва аммо табибон гуфтанд, ки дигар мо онро барқарор карда наметавонем ва бояд нахуст духтаракро наҷот диҳем."

Хонум Олга баъди ин ҳодиса мақомоти боғро ба додгоҳ кашондааст. Ва акнун раҳбари боғ дар додситонӣ ба пурсишҳои муфаттишон посух медиҳад. Аммо кормандони дигари боғи чонварон дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки дар чунин ҳолатҳо аксаран худи тамошобинон гунаҳгор ҳастанд. Онҳо маъмулан оддитарин қоидаҳои эҳтиётро риоя намекунанд, ба қафаси ҷонвар хеле наздик мераванд, ва дар натиҷа ба чанголи ҷонварон меафтанд. Ин дар ҳолест, ки убури марзи як- якуним метри назди қафаси ҷонвар ва ғизо додан ба он қатъиян манъ аст.

Олга Кострикова аз шунавандаҳои Родиёи Озодӣ хоҳиш кард, ки ба хотири наҷоти ҷони духтараш ба ӯ ҳаддалмумкин кӯмаки молии худро дареғ надоранд. Касоне, ки омодаи расондани кӯмак ҳастанд, ин шумораи телефони модари Елизаветаро метавонанд ёддошт кунанд:

992 91 9007146

Ҳодисаҳои озори ҷисмонӣ дидани кӯдакон дар боғи ҷонварони шаҳри Душанбе дар гузашта ҳам мушоҳида шудааст. Соли гузашта хирси дигар дар боғи вуҳуш ба пойи як писараки наврас, ки наздики қафас омада буд, дарафтода ва ӯро маҷрӯҳ карда буд.
XS
SM
MD
LG