Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидаи умеди Эрон ба сӯи Созмони Шонҳой


Бреффнӣ О Рурк

Узвият дар созмони ҳамкориҳои Шонгҳой метавонад барои Эрон, ки ба маҳзи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш зери борони фишорҳои байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико қарор дорад, як чатри наҷотбахш шавад.

Хабаргузориҳои русии ИТАР-ТАСС ва чиноии Синхуа моҳе пеш аз қавли муовини вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муҳаммадӣ навишта буданд, ки Эрон умедвор аст, дар ҳамин тобистони оянда ба Созмони Шонгҳой бипайвандад. Оқои Муҳаммадӣ гуфт, Эрон мехоҳад дар оянда баррасии баҳси ҳастаияшро бо, ба гуфтаи ӯ, "ҳамкоронаш дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой" анҷом диҳад. Вай афзуда, ки Теҳрон умедвор аст, ки нишасти сарони кишварҳои созмони Шонгҳой дар моҳи июн аз Теҳрон ҳимоят хоҳад кард.

Русияву Чин, ду узви калидии созмони Шонгҳой алакай дар ҷараёни баррасии барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон дар ША СММ пуштибонии худ аз Теҳронро ба намоиш гузоштанд. Ҳам Маскав ва ҳам Пекин дар робита ба таҳия ва қабули қатъномаи нави ША, ки ҳанӯз то замони ба ғанисозии комили ураниум даст ёфтани Эрон ҷорӣ кардани таҳримоти иқтисодӣ ва ҳатто истифода аз иқдоми низомӣ алайҳи Эронро пешбинӣ мекунад, аз сӯи Амрико ва муттаҳидини аврупоияш таҳти фишор қарор доранд.

Жан Филлип Бежа аз маркази мутолиоти байналмилалии Порис аммо мегӯяд, расман ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой пайвастани Эрон дар чунин шароит маънии зарба задан ба талошҳои Ғарбро хоҳад дошт: "Албатта, ин аз ҷониби Ғарб ҳамчун иғво талаққӣ хоҳад шуд. Аз сӯи ҳам Амрико ва ҳам Аврупо, ки талош доранд Эронро дар инзивоъ қарор дода, Русияву Чинро ба барномаи ҷорӣ кардани таҳримот бар зидди Эрон ҳамроҳ кунанд. Агар Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шомил шавад, ин чунин маънӣ дорад, ки Эрон аз сӯи ҳам Русия ва ҳам Чин ба ҳайси як ҳамкори қонунӣ эътироф мешавад."

Пайвастан ба созмони Шонгҳой Эронро мукаллаф мекунад қасдҳои худро, албатта, бо аҳдофи ҷеостротежии Русияву Чин мувофиқ кунад. Маскаву Пекин, қарори маълум, ҷонибдори афзоиши ҳузури Амрико дар Осиёи Марказиву Ховари Миёна нестанд ва дар чунин сурат, Эрон метавонад ба сифати як сангари муҳкам дар роҳи тавсиъаи ҳузури Амрико дар ин қаламрави паҳновар хидмат кунад. Аз сӯи дигар, барои Чин дастрасӣ ба манобеъи саршори энержии Эрон низ фавқулодда муҳим аст ва вуруди Эрон ба созмони Шонгҳой ба Пекин ҷиҳати расидан ба ин қасдаш мусоидат мекунад.

Алиризои Нуризода, коршиноси маркази мутолиъоти Эрону Араб дар Ландан мегӯяд, рӯшан аст, ки масъалаи Эрон ба як мавзӯъи тиҷорати байни Шарқу Ғарб табдил ёфтааст. Ва аммо ихтилофи назар байни кишварҳои Ғарбу Шарқ рӯи ин масъала, ба эътиқоди оқои Нуризода ба нафъи он бахши раҳбарияти Эрон аст, ки ҳамкорӣ бо Чину давлатҳои осиёиро ба ҳайси як алтернатива дар муқобили Ғарб арзёбӣ мекунанд.

Аммо аз сӯи дигар Жан Филлип Бежа мегӯяд: "Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой асосан ташаббуси Чин аст. Русия ҳам қарор кард ба он бипайвандад, вале онҳо, рӯшан аст, ки ба амалкардҳои Чин дар самти Осиёи Марказӣ нигоҳи хеле боэҳтиёт доранд."

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Авасто аз вазири хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров нақли қавл карда, ки гуфтааст, дар ҳоли ҳозир масъалаи узвияти Эрон дар созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой матраҳ нест. Оқои Назаров гуфта, ки ин созмон қобил ба афзоиши шумори аъзояш нест. Ба ҳар сурат, афзудааст вазири хориҷаи Тоҷикистон, созмони Шонгҳой то кунун низоми қабули аъзои ҷадидро таҳия накардааст.

Албатта, Узбакистон дар соли гузашта бидуни чунин низомнома ҳам ба узвияти Созмони Шонгҳой пазируфта шуд. Аммо ба назари таҳлилгарон, қабули кишварҳои бузургу қудратманде назири Эрон ё Покистону Ҳинд, ки низ ба ин созмон бо чашми таваҷҷӯҳ нигоҳ мекунанд, метавонад тавозуни дар ҳоли ҳозир ҳамаро қонеъкунандаеро, ки байни Русиву Чин дар чаҳорчӯби созмони Шонгҳой вуҷуд дорад, вайрон кунад.
XS
SM
MD
LG