Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мероси падар хоҳӣ....


Таҳаввулоти солҳои охир дар эстрадаи тоҷик ҳокиии ҳарчӣ бештар ба ин саҳна ворид шудани фарзандони овозхонони маъруф, онҳоест, ки панди "Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз!"-ро сармашқи кори худ қарор додаанд. Ин анъана чизи барои Тоҷикистон наве нест ва аз гузашта ҳам намунае чанд дар ёдҳо боқӣ монда, мисли фарзандони Акашарифи Ҷӯра, ё Одинаи Ҳошим. Фарзандони ин овозхонҳои саршинос ҳарчанд дар роҳи ҳунар бо волидони худ баробар наомаданд, ба ҳар сурат тавонистанд роҳи оғозкардаи падарони худро то хеле идома диҳанд.

Дар даврони шӯравӣ ҳатто анъанаи таъсиси гурӯҳҳои ҳунарии хонаводагӣ низ ба таври густарда ташвиқу тарғиб мешуд, ки як мисоли умдааш гурӯҳи хонаводаи Холовҳост, ки овозхони маъруф Давлатманди Хол аз ҳамон миён хестааст. Вале феълан суннати гирифтани дасту дуъои падар ва ё модар дар ҷодаи ҳунар ба як гунаи бесобиқа густариш ёфта. Ва ба фарқ аз қабл акнун мебинем, ки баъзан фарзандон дар майдон ҳатто аз волидони худ чирадасттар ба назар меоянд ва ё чунин иддао ва орзуро дасти кам дар сар мепарваранд.

Сурайёи Қосим масалан, ду фарзандашро ба роҳи ҳунар дуъо додааст. Духтари хурдии Сурайё Фарзонаи Хуршед аст, ки бештар аз таронаҳои мардумӣ мехонад. Ва аммо духтари бузургаш Шабнами Сурайёст, ки ҳатто ба сурати то кунун дар Тоҷикистон ғайримаъмул исми модарро ба тахаллуси саҳнаии худ изофа кардааст. Мухлисони Шабнам бо ишора ба ширкати муваффақи ӯ дар озмуни "Садои Осиё" дар Алма-Ато ва дар як озмуни қораӣ дар Шанхайи Чин бо ифтихор мегӯянд, ки овозаи Шабнам алакай то ба Чину Мочин расидааст.

Шабнами дигари эстрадаи тоҷик Шабнами Муҳиддин, фарзанди овозхони фақид Тоҷиддини Муҳиддин аст. Агар Тоҷиддин замоне бо таронаи "Эй Санам" дар ҳама паҳнои шӯравии собиқ ғулғула афканда буд, духтараш Шабнам акнун мегӯяд, ба хотири бардоштани номи падар ва шод кардани рӯҳи ӯ ба саҳна омадааст.

Аммо дар байни фарзандони ҷавоне, ки роҳи волидони ҳунарманди худро пеша кардаанд, шояд собиқаи аз ҳама тӯлониро Нигораи Хол, фарзанди Исматуллоҳи Хол, овозхони гурӯҳи як замон пуровозаи "Суғдиён" дошта бошад. Падараш Нигораро ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба ин роҳ ҳидоят кард ва Нигора тақрибан метавон гуфт, ки рӯи саҳна ва пушти микрофон дар ҳавои таронаву оҳангҳои навбанав бузург шуд, камол ёфт ва кам касе дар ин миён пайхас кард, ки Нигора кай ва чигуна аз хондани таронаҳои тифлона ва баъдан навхатона ба хондани таронаҳои ба истилоҳ ҷиддӣ гузашт.

Дар сабки хондани бисёре аз фарзандони овозхонон лаҳну зарбу сабки хондани волидони онҳо, албатта, эҳсос мешавад. Лаҳну сабки Ибодуллоҳи Машрабро метавон ҳамин тавр дар хонданҳои писараш Абдукарим дарёфт ва Муҳаммадрофеъи Қурбонро мушоҳида кард, ки ҳамчунон ба пайравӣ аз сабки падари равоншодаш Кароматтулоҳи Қурбон мехонад.

Анъанаи ба майдон кашидани фарзандони овозхонони шинохта дар кишварҳои дигар ҳам роиҷ будааст.
Масалан дар Русия ду намунааш духтари Алла Пугачёва Кристина Орбакайте аст ва шавҳари собиқи ӯ Владимир Пресняков, ки падарашро ҳама аз гурӯҳи дар аҳди шӯравӣ хеле маъруфи "Самоцвети" хуб мешиносанд. Олег Газмановро ҳам метавон ёд кард, ки фарзандаш Родион аз синни хурдӣ дар паҳлуи падар овозхонӣ мекард.
Вале Родион ба шиъори таронае, ки бо номи "Танцуй, пока молодой!" худ дар хурдӣ мехонд, гӯш дода, акнун тарки саҳна кардааст ва пайи пешае рафта, ки рабте ба эстрада надорад.

Дар Ғарб ин анъана, тавре ба назар мерасад, чандон маъмул нест ва агар фарзанде ҳам дар ҳавои номи падар ба саҳнаи ҳунар омада бошад, дар бисёри маворид мебинем, ки бо ширкат дар чанд лоиҳа ва хондани як ё ду тарона иктифо кардаву ба қавли маъруф, тӯру шасти худро зуд аз ин дарё ҷамъ кардааст. Мегӯянд, фарзандони мардуми ҳунарманд дар Ғарб одатан аз волидони худ чунон меросҳои бузург мегиранд, ки дигар ниёзе барои боз ҳам ба истилоҳ гулӯ дарондан дар ин саҳна надоранд. Ва аммо чанд намунаи муваффақро дар Ғарб ҳам метавон пайдо кард. Масалан, Энрике Иглесиас, фарзанди хонандаи маъруф Хулио Иглесиас. Вале Энрике, ки даврони тифлӣ ва навҷавониаш ҷудо аз падар гузаштааст, ба фарқ аз ҳамтоёни тоҷикаш на ба хотири падар, балки бештар алорағми вай ҳунарманд шудааст. Яъне :

Гирди номи падар чӣ мегардӣ,
Падари хеш шав, агар мардӣ.


Аммо Тоҷикистон акнун мебинем, ки раванди касби волидонро думбол кардани фарзандони ҳунармандони тоҷик боз ҳам ҷавонтар мешавад. Эҳсон Шарифӣ, фарзанди Иззати Шарифӣ, Ромиз Пӯлодӣ, писари Парвизи Пӯлодӣ ва Кароматуллоҳи Қурбон, фарзанди Қурбони Абдуллоҳро акнун мебинем, ки дар синни тифлӣ бо садоҳои ҳанӯз тифлона пой ба ҷодаву ба саҳнаи ҳунар мегузоранд. Ва ҳамин садост, ки мемонад.
XS
SM
MD
LG