Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир маҳкум ба зиндон шудани 9 зан дар Суғд


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 9 занро бо ҷурми узвият дар ҳизби манъшудаи Таҳрир, таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, даъват ба табдили низоим дунявии давлат ва таблиғи андешаи таъсиси хилофати исломӣ маҳкум ба зиндон кард. 5 нафар аз ин занони муттаҳам, ки раҳбарони шӯъаботи маҳаллии Ҳизб-ут-Таҳрир дониста шуданд, ба мӯҳлати 10-солӣ ва чори дигар 5-солӣ ҳукми зиндон гирифтаанд. Гуфта мешавад, ки ин занон аз 30 то 47 сол дошта, сокинони шаҳри Хуҷанд ва 2 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен будаанд.

Додгоҳ мегӯяд, ки мақомот ин 9 занро ба ҳангоми таблиғи ақоиди ҳизби Таҳрир, ки умдатаринаш таъсиси хилофати воҳиди исломӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта мешавад, ва зимни паҳн кардани шабномаҳо ва дигар анвоъи адабиёти тарғиботии ин созмони манъшудаи мазҳабӣ боздошт кардаанд.

Боздошти ин 9 зан бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби Таҳрир дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ сурат гирифтааст ва дар пайи нигарониҳоеро дар бораи ҷалби ҳарчӣ бештари занон дар навоҳии шимоли Тоҷикистон ба далели камранг будани нақши созмонҳои расмии мазҳабӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ба иллати фақру бенавоӣ ба ҳаракатҳои тундрави мазҳабӣ майли бештар пайдо мекунанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG