Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Вахш» - дар нимфинал


Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар дуввумин давраи мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC - Конфедератсиони футболи Осиё, ки дар шаҳри Кучинги Малайзия ҷараён дорад, ба марҳалаи нимфиналӣ роҳ ёфт.

«Вахш» баъди пирӯзӣ бар тими «Дордой - Динамо»-и Қирғизистон бо натиҷаи 3 бар 0 ва мағлубият аз тими «Мананг Маршиангди Клаб»-и Непал бо натиҷаи 1 бар 3, рӯзи душанбеи 15 май дар охирин бозии марҳалаи муқаддамотӣ бар СК «Ратнам»-и Шри-Ланка бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омад. Голҳоро Назиршоҳ Ризомов («Вахш», дақиқаи 47-ум), Едирибанданаге Чана (81) ва Муҳаммад Науфер Иззадин (75, ба дарвозаи дастаи худ) заданд.

Дастаи «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон пас аз мағлубият аз тими «Вахш»дар ду дидори худ бар СК «Ратнам»-и Шри-Ланка бо натиҷаи 3 бар 0 ва бар «Мананг»-и Непал бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуд. Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «В» ду даста - «Вахш» ва «Дордой - Динамо» шашимтиёзӣ гирифта, мутаносибан ҷойҳои якуму дуввумро ишғол карданд.

Дар гурӯҳи «А» тими «Кхемара»-и Кампучия бо 7 имтиёз дар мақоми аввал ва дастаи «Татунг»-и Тайван бо 6 имтиёз дар мақоми дуввум қарор гирифтанд. Дар бозиҳои нимфиналӣ рӯзи 17 май «Кхемара» бо «Дордой- Динамо» ва рӯзи 18 май «Татунг» бо «Вахш» зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Ва як хабар аз ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни тимҳои лигаи олӣ. Ду бозии навбатӣ бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 1 бар 0 ва «Саройкамар»-и Панҷ бар «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба карданд. Вале ин натиҷаҳо ба мавқеи дастаҳои пешсафи ҷадвали бозиҳо тағйирот ворид накард. Тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 16 имтиёз дар ҷадвали бозиҳо садрнишин аст. «Регар» ТадАЗ бо 13 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад. СSKA-и Душанбе бо 9 имтиёз дар мақоми севвум қарор дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо:

1. «Парвоз» - 16 имтиёз (6 бозӣ).
2. «Регар» ТадАЗ - 13 (5).
3. CSKA - 9 (5).
4. «Хима» - 7 (3).
5. «Олими Каримзод» - 7 (6).
6. «Вахш» - 6 (2).
7. «Ориёно» - 5 (5).
8. «Саройкамар» - 5 (5).
9. «Хуҷанд» - 5 (6).
10. «Тоҷиктелеком» - 3 (5).
11. СКА «Помир» - 3 (4).
12. «Динамо» - 2 (6).

Нӯъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари «Парвоз», ки ба дарвозаи ҳарифонаш 7 тӯб задааст, беҳтарин нишонзани мусобиқот мебошад.
XS
SM
MD
LG