Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асбобҳои ҷопонӣ ба оркестри симфонии тоҷикӣ


Оркестри симфонии Театри академивии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон бо ёрии ҳукумати Ҷопон соҳиби асбобҳои мусиқии нав гардид. Зиёбой Тошев, муовини раҳбари Театри опера ва балет гуфт, қарор аст, рӯзи ҳабдаҳуми май бо баргузории як маросим дар саҳни ин театр ин кӯмакҳо муаррифӣ бишавад. Ҳукумати Ҷопон ба оркестри симфонии Театри опера ва балети Тоҷикистон бо маблағи 450 000 доллар асбобҳои мусиқӣ харидааст. Нахустин консерти оркестри симфонии театри мазкур бо асбобҳои нав бегоҳи ҳаждаҳуми май баргузор хоҳад шуд. Консертро як ҳунарманди ҷопонӣ дирижерӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG