Пайвандҳои дастрасӣ

Спартакиадаи мактаббачагон ва пойгаи марафонӣ


Спартакиадаи мактаббачагони Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 15-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ҷараён дорад.

Дар мусобиқот доир ба 11 риштаи варзиш беш аз 1200 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ҳайати дастаҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат меварзанд. Рақобатҳо дар риштаҳои баскетбол, варзиши сабук, волейбол, гуштии дзюдо, тарзи озод, самбо, юнонию римӣ, тенниси рӯи миз ва футболи хурд дар шаҳри Душанбе ва оид ба ду навъи варзиш - баскетболу таэквон-до WTF дар шаҳри Турсунзода сурат гирифтааст. Спартакиада рӯзи чоршанбеи 17 май ба анҷом мерасад.

Ва як хабари дигар. Бо роҳбарии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дастгирию кӯмаки молиявии Институти ҷомеъаи боз ё Бунёди Сорос пойгаи марафонии Душанбе-Кӯлоб, ки дарозиаш 218 километр аст, оғоз шуд. Бино ба иттилоъи Анвар Бобоҷонов, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар пойга ҳамагӣ 16 нафар - давандаҳо, велосипедронҳо, собиқадорони варзиш ва намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ширкат мекунанд. Вай афзуд, дар байни онҳо Сафаралӣ Боев, раиси Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон, Шайдулло Исоев, раҳбари мактаби варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпии шаҳри Душанбе, давандаҳои маъруфи кишвар Аҷмал Амиров, Нозимҷон Эрматов, Амалбегим Тайғуншоева, велосипедрон Зебо Қосимова, собиқадорони варзиш Аббос Акбаров ва Файзулло Абдуллоев ҳастанд.

Анвар Бобоҷонов дар идома иброз дошт, ки ширкаткунандагони пойга дар чаҳор ҷо - Ваҳдат, Норак, Данғара ва Восеъ таваққуф карда, бо ҷавонони ин шаҳру навоҳӣ мулоқот анҷом медиҳанд. Пойгаи марафонӣ рӯзи 16 май дар шаҳри Кӯлоб ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG