Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бодканд


Дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мулоқоте дар Бодканд аз ҳамоҳангии нирӯҳои марзбон ва амниятии ду кишвар дар ҷараёни ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ дар 12-уми май изҳори қаноатмандӣ карданд. Амирқул Азимов, Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, тарафҳо дар вазъияти фавқулодда, интизори амру фармони мақомоти марказӣ нашуда, даст ба амалиёти муштарак заданд:"Ҳарду тараф фаҳмиши ягона ва вазифаҳои ягона доштанд ва ин вазифаро бомуваффақият иҷро карданд." Азимов афзуд, рӯйдодҳои 12-уми май ба рафтуои шаҳрвандони осоишта ба воситаи марз таъсири манфӣ нахоҳанд расонд. Дабири шӯрои амнияти Қирғизистон Мирослав Ниёзов низ ба ҳамкории марзбонон ва хадамоти амниятии ду кишвар баҳои мусбат дода гуфт, ҳамчун идомаи ин ҳамкорӣ мақомоти марбутаи Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бояд сабаб ва омилҳои ин ҳамларо таҳқиқ кунанд. Вай афзуд: "Масъалаҳои ҳамоҳангӣ ҳамеша ниёз ба такмил хоҳанд дошт. Биноан, ду тараф бояд ҳамеша дар робита ва табодул бошанд. Чӣ шуд, кӣ ва дар куҷо чӣ кор кард, кӣ дар куҷо ба нуқс роҳ дод. Яъне ин ҳама як падидаи табиист ва мо бенавоқис нестем."
Бо вуҷуди он ки мулоқоти дабирон дар паси дарҳои баста сурат гирифт, аз сӯҳбати онҳо хабарнигорон чунин таассурот гирфтанд, ки ду ҷониб камбудиҳои роҳдодаи тарафайнро баррасӣ кардаанд. Ин дуюмин мулоқоти дабирони шӯрои амнияти ду кишвар аст. Рӯзи шанбеи 13-уми май Амриқул Азимов ва Мирослав Ниёзов дар шаҳри Исфара бо ҳам мулоқот доштанд.
XS
SM
MD
LG