Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти тозаи ҳамла ба марз


Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, гурӯҳи мусаллаҳе, ки ба посгоҳҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамла карда, нӯҳ нафарро куштанд, бо созмонҳои тундрави исломӣ иртибот доштаанд. Рӯзи ҷумъа ин гурӯҳ дар ноҳияи марзии Исфара ба посгоҳи сарҳадбонони тоҷик ҳамла карда, се нафар марзбони тоҷикро кушта ва сипас вориди қаламрави Қирғизистон шуд.
Ҳангоми амалиёт нерӯҳои амниятии Қирғизистон чаҳор фарди мусаллаҳро кушта ва яке аз онҳоро дастгир кардаанд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки яке аз кушташудагон шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ин хабарро мақомоти вилояти Суғди ҳангоми сӯҳбат бо ҳамкори мо дар шаҳри Хуҷанд Маъсуми Муҳаммадраҷаб тасдиқ карданд. Онҳо гуфтаанд, ки Дилшод Раҳимови 25-сола будааст ва ӯву ҳамроҳонаш ба гурӯҳе иртибот доштааст, ки моҳи январ ба боздошгоҳи Қайроққум ҳамла карда, раҳбари онро куштанд ва як зиндониро раҳо карданд. Дилшод Раҳимов бародари фарди фироркарда Фатҳулло Раҳимов будааст. Мақомоти додситонии вилояти Суғд ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Фатҳулло Раҳимов ба узвият дар Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва дигар ҷиноятҳо гунаҳкор дониста шудааст.
Ва хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки Дилшод Раҳимов худ дар гузашта дар воҳиди марзбонии Лаккон, хидмат карда будааст, ҷое, ки афроди мусаллаҳ ба он ҳамла бурда, се марзбони тоҷикро куштанд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон баъд аз ин ҳодиса тадобири амниятиро дар марз ва навоҳии наздик ба марзи Қирғизистон тақвият додаанд.
XS
SM
MD
LG