Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майкл Ҷордан ва Тоҷикистон


Ба Майкл Ҷордани амрикоӣ ва ҳунарнамоии афсонамонанди ӯ дар мусобиқоти баскетбол дар Тоҷикистон бинобар он камтар ошноӣ доранд, ки як даҳсолаи ахир баскетбол дар Тоҷикистон мисли лӯхтаки дустдоштаи тифле буд, ки дар як гӯшае ниҳода фаромӯшаш кардааст.

Тайи ин даҳсола варзишгарони баландқомат дар майдонҳои басткетболи Тоҷикистон камтар мушоҳида мешуданд ва бисёре аз макотиб тӯби баскетбол надоштанд, ки ба муҳассилин бидиҳанд, то онҳо ба ин навъи шавқангези варзиш машғул шаванд. Занҷири мушкилоти баскетболи Тоҷикистон ҳоло ҳам бисёр дароз аст.

Вазирбек Назиров муовини раиси кумитаи варзиши Тоҷикистон ва раҳбари Федератсияи Баскетболи кишвар:

"Мо 101 мактаби варзишӣ дорем, ки дар ҳамаи онҳо волейбол низ машқ мекунанд. Агарчӣ дар ҳама макотиб ҳаст, аммо таҷриба нест. Дигар мушкили асосӣ набудани таҷрибаи ширкат дар бозиҳои байналмилалӣ. Дастаи хуб дорем, аммо ба сабаби набудани маблағ ба хориҷ рафта наметавонад. Ин гуна мо таҷриба ҳосил карда наметавонем, зеро бозии баскетбол бисёр рушд кардааст. Қоидаву қонунҳояш низ дигар шудааст, аммо дар мо намедонанд, мутахассис нест, мураббиёни хуб нест. Мондагӣ як панҷ даҳ нафар аст аз солҳои шӯравӣ ҳамонҳо кор карда гаштаанд."

Тими миллии баскетболи Тоҷикистон баъд аз понздаҳ сол танҳо соли гузашта вориди майдонҳои басткетболи кишварҳои дигар шуд, вале албатта дар бозиҳо шикаст хӯрд, чун тавре Вазирбек Назиров гуфт, таҷрибаи кофӣ надошт. Дар бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Арабистони Саудӣ басткетболбозони Покистон нахустин пирӯзии худро дар баскетбол дар даҳ соли ахир ба даст оварданд ва он пирӯзӣ ҳам бар дастаи миллии Тоҷикистон буд.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта дар замони шӯравии собиқ Тоҷикистон дар риштаи басткетбол устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравиро тарбия кардааст, ки яке аз онҳо Абдулло Муродов мебошад. Сандон Анваров ва аз насли ҷавон Тоҳир Каримов низ ба дӯстдорони варзиш ва махсусан басткетбол бисёр шинос ҳастанд. Зимнан тайи ду соли ахир дар шаҳри Душанбе ба хотираи гиромидошти ёди Абдулло Муродов мусобиқоти байнимактабии баскетбол баргузор мешавад.

Лигаи баскетболи Тоҷикистон, ки соли гузашта эҳё шуд, аз ҳашт даста иборат аст ва бозиҳои он дар пойтахти Тоҷикистон сурат мегирад. Эҳёи мусобиқоти кӯҳна ва баргузории бозиҳои навро Вазирбек Назиров раиси Федератсияи Баскетболи Тоҷикистон аз нишонаҳои ҳаракати баскетболи Тоҷикистон ба сӯи пеш мехонанд.

Ӯ доир ба дигар мусобиқот ва барномаҳои рушди баскетбол дар Тоҷикистон мегӯяд:

«Дар ҷаласаи ахири федератсия мо масъала мондем, ки комиссия оид ба ҷавонону наврасон ба шаҳру навоҳӣ рафта ёрдами амалӣ мерасонанд. Баъд бо Федератсияи Байналмилалии Басткетбол ва Кумитаи Олимпии Тоҷикистон маслиҳат кардем, ки ягон мутахассис меояд ва бо мураббиёни мо кор мекунад як ҳафта ё ки даҳ рӯз. Моро раҳбарон низ дастгирӣ мекунанд, аммо барои ба сатҳи баланд баромадани баскетболи мо ҳоло мушкил аст ва барои ин вақт даркор.»

Баскетбол аз маъруфтарин навъҳои варзиши дохили толор маҳсуб мешавад ва беш аз дигар кишварҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дӯстдорони зиёд дорад. Флориан Ваннинг раҳбари дафтари матбуоти Федератсияи Байналмилалии Баскетбол, ки марказаш дар шаҳри Женеваи Швейтсария мебошад, таъриф кард, ки шумори бозигарони басткетбол дар ҷаҳон тақрибан ба 500 миллион нафар мерасад:

"Тибқи ҳисобҳои мо дар саросари ҷаҳон беш аз 450 миллион нафар дар мусобиқоти мухталифи баскетбол ширкат мекунанд, бо шумули мусобиқаҳо дар макотиб ва донишгоҳҳо."


Флориан Ваннинг ҳамчунин гуфт, шумораи мухлисони ин навъи варзиш дар ҷаҳон ниҳоят зиёд аст ва дар бозиҳои олимпии Афина аз тамоми дигар навъи варзишҳо мусобиқаи баскетбол аз тамоми дигар навъҳои варзиш тамошогарони зиёдро ҷалб кардааст.

Ассосиатсияи Миллии Баскетболи Амрико, ки пурқувваттарин баскетболбозони ҷаҳонро гирд овардааст ва рақобатҳои пуршиддати дастаҳои он миллионҳо доллар фоида меоранд, дар сафҳаи интернетии худ гуфтааст, ки доираи шумораи бинандагони расонаҳои ЭН БИ ЭЙ беш аз миллиард нафарро ташкил медиҳад. Бозиҳои пуршӯру тимҳои миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамеша мухлисони зиёд доранд ва ҳангоми рақобати онҳо кам шудааст, ки мизе дар варзишгоҳ бе бинанда бошад.

Сабабҳои маҳбубияти баскетболро дар ҷаҳон Флориан Ваннинг шарҳ медиҳад:

"Ба назари ман ин навъи варзишест, ки як ду-се ва ё чаҳор нафар бо ҳам метавонанд бозӣ кунанд ва барои он васоили зиёд низ лозим нест. Шумо метавонед, ҳалқаи оддиеро дар девори гараж насб кунед ва ё дар кишварҳои фақир ҳатто чархи мошинро истифода мекунанд. Яъне ҳамчун дар футбол шумо барои бозӣ кардани волейбол васоили зиёд лозим надоред. Шояд яке аз сабабҳояш ҳамин бошад, ки баскетбол дӯстдорони зиёд дорад. Ва ҳамчунин мо дидаем, ки баскетбол як навъи варзиш барои ҷавонон аст ва дар мактабҳо ҳаводорони зиёд дорад. Ҳамчунин табиати ин бозӣ, ки варзиши тундҳаракат ва гурӯҳӣ аст ва хушҳолии зиёд меорад, сабаби дигари маҳбубияти баскетбол аст."

Баскетбол дар феҳрасти варзишҳои маъруфи навъи олимпӣ дар зинаи саввум қарор дорад. Зодгоҳи он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Нахустин мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳонии баскетбол дар Аргентина 1950 баргузор шудааст ва аз он замон то кунун ин мусобиқа дар чаҳор сол як бор баргузор мешавад.

Дар рақобатҳои соли 2002- ум дар Амрико Югославияи собиқ, қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Аммо имсол барои ин унвон на чун пештара 16 даста, балки 24 тими милли аз панҷ қитъаи олам рақобат мекунанд. Мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳонии баскетбол тирамоҳи имсол дар Ҷопон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG