Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Неруҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба кумак ниёз надоранд


Душанбе ва Бишкек ҳанӯз ба сохторҳои марбутаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои кумак дар нобуд сохтани гурӯҳи мусаллаҳе, ки шаби гузашта ба гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ҳамла кардаааст, муроҷиат накардаанд. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Котиботи СПАД иттилоъ дод. "Дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон Мирослав Ниёзов изҳор кард, ки ҷумҳурӣ барои анҷоми амалиёт алайҳи ин гурӯҳ неруи кофӣ дорад", гуфтааст як тан аз кормандони дафтари матбуоти Котиботи СПАД. Бо вуҷуди ин, Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ба сохторҳои марбутаи СПАД амр кардааст, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва рафти амалиёти аз байн бурдани гурӯҳи мусаллаҳро дақиқ назорат кунанд.
Мирослав Ниёзов, Дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, ки амалиёт алайҳи гурӯҳи ҷиноӣ дар ноҳияи Қадамҷой бояд то шомгоҳ анҷом ёбад. Се тан аз гурӯҳи мусаллаҳ айни ҳол иҳота шудаанд.
Бар асари ҳамла ба гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик ва ду шаҳрванди Қирғизистон ба ҳалокат расиданд. Аз гузаргоҳи Лакони ноҳияи Исфара ҳамлагарон 19 автомати Калашников, як пулемёт ва ҳазорҳо дона тирро бо худ бурданд. Нимарӯзӣ дар канори деҳаи Пулгон воқеъ дар марзи Қирғизистону Узбакистон ду мошини гурӯҳи мусаллаҳ ва 17 автомати рабуда ошкор гардид.
XS
SM
MD
LG