Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бодканд амалиёти низомӣ идома дорад


Дар вилояти Бодканди Қирғизистон амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи мусаллаҳ, ки шаби гузашта ба гузаргоҳи марзии Лакони Исфара ҳамла карда буд, идома дорад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ аз ноҳияи Исфара иттилоъ дод, ки алҳол вазъ ором ба назар мерасад ва аммо раванди вуруди неруҳои иловагии кумитаи ҳифзи сарҳадот, сарбозону афсарони неруҳои вокуниши сареъи вазорати дохила ва дигар сохторҳои интизомии Тоҷикистон идома дорад. Ҳама неруҳо дар ҳоли омодабош қарор доранд.

Чанд лаҳза пеш як мақоми низомӣ, ки худро генерал Сайфуллоев муаррифӣ кард, ба мо гуфт, дар амалиёти низомӣ дар вилояти Бодканд ҳам неруҳои Тоҷикистон ва ҳам неруҳои Қирғизистон ширкат доранд. Ба иттилоъи ӯ, як тан аз узви гурӯҳи ба постгоҳи Лакон ҳамлакарда кушта шудааст. Генерал Сайфуллоев ҳамчунин иттилоъ дар бораи даргузашти марзбони тоҷики дар ин ҳодиса захмбардоштаро тайид кард.

Хабарнигори мо дар сӯҳбат бо масъулин ва сарбозҳо манзараи ҳодисаи шаби гузаштаро рушан кардааст. Гуфта мешавад, ки ҳамла ба постгоҳи Лакон соати яку ними шаб сурат гирифтааст. Тақрибан 8-9 нафари ниқобпуш ба ин постгоҳ ҳамла кардаанд. Аммо то ҳол рушан нест, ки онҳо киҳоянд ва ба кадом гурӯҳ шомиланд. Дар ин ҳамла як марзбон ва як прапоршик кушта шуданд. Баъди ғасби силоҳ онҳо дар қаламрави Қирғизистон панаҳ бурданд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб ҳамчунин хабар дод, ки дар Исфара ва атрофи он ба хотири таъмини амнияти мардум ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои нав постгоҳҳои иловагӣ ташкил шудаанд.
XS
SM
MD
LG