Пайвандҳои дастрасӣ

Агар иттилое доред, дар ёфтани ин ҳамватан кӯмак кунед


Муаяйама Маҳмадалиева, ҳамсари Раҳматулло Маҳмадалиев мегӯяд, муроҷиатҳои ӯ ба вазорати дохила бидуни натиҷа анҷом ёфтааст. Вай ҳамчунин аз тариқи барномаи «Жди меня»-и телевизиони ҷамъиятии Русия низ шавҳарашро ҷӯё шуд, вале то ҳол ҳеҷ нишоне ба даст наовардааст.

Он кас рӯзи 20-уми январ аз ҳисоби ҷои корашон ба сафари хизматӣ рафтанд. Баъди ба Самара расиданаш боз аз ин ҷо, яъне аз ҷои корашон занг задаву телеграмма фиристаанд, ки бояд барои анҷоми кадом коре аз Самара ба шаҳри Перм равад

Ва аммо майор Наврӯз Мирзоматов, муовини сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсии раёсати оташнишонӣ гуфт, сарҳанг Маҳмадалиев ба хоҳиши худ озими Русия шудааст:


Подполковник Маҳмадалиев Раҳматулло ба номи сардори сарраёсати мо гузориш навишта изҳор намудааст, ки ба ӯ аз якуми феврали соли 1998-ум рухсати меҳнатӣ дода шавад ва баъд аз рухсатӣ ӯ дар аризаи худ хоҳиш кардааст, ки ӯро аз мақомоти корҳои дохила бо сабаби ба нафақа рафтан озод намоянд.

Афсар Мирзоматов меафзояд, бинобар саривақт ба кор наомадани Раҳматулло Маҳмадалиев бо дастури идора ӯро аз кор озод кардаанд. Аммо Муаяйама Маҳмадалиева иддао дорад, ки шавҳараш намехост бознишаста бишавад ва қисмати дуввуми аризаи ӯ бо дасти каси дигар навишта шудааст:


Вақте рапорт менависанд, гумон аст, ки то ана ин ҷо дастхати худашон бошад ва давомаш, яъне "с последующим уволънением из органов в связи с уходом на пенсию по выслуге лет" дастхати дигар кас... Бо ҳамин сабаб ба мо ягон хел ёрӣ накардаанд ва мегӯянд, ки шавҳари ман бо хоҳиши худаш рафтааст.

Дар мавриди он ки чаро сарҳанг Раҳматулло Маҳмадалиев дар давоми ҳашт соли бенишонӣ аз тарафи вазорати дохила мавриди ҷустуҷӯ қарор нагирифт, майор Мирзоматов ба мо ин гуна посух дод:

Азбаски ин шахс худаш бо аризааш хоҳиш намудааст, ки ӯро аз мақомоти корҳои дохила озод намоянд, хоҳиши ӯро ба инобат гирифта аз мақомот озод намудем ва мо вазифадор нестем, ки ӯро кофтуков намоем. Дар ҳоле, ки ин шахс дар мақомоти корҳои дохила дар хизмат бошад, ҳамон вақт мо вазифадорем, ки ин шахсро кофтуков кунем.

Аз майор Наврӯз Мирзоматов мепурсам, чаро мақомот боре ҳам аз паи ҷустуҷӯи корманди худ нашудааст? Вай баъди андаке сукут чунин тавзеҳ кард:

Насиб бошад ҳафтаи оянда мо кофтукобро сар мекунем, шахсан ман худам меравам ба шӯъбаи иҷтимоӣ ва Интерпол ва бо кумаки онҳо мо сар мекунем кофтукоби ҳамин шахсиятро ва ҳар қадар имконияте, ки дорем, ба кор мебарем.

Баъд аз ҳашт соли хомӯшӣ мақомоти вазорати умури дохила ба ҷустуҷӯи сарҳанг Маҳмадалиев шурӯъ карданд. Вале пайвандони ӯ аз ҳамаи шунавандагони Родиёи Озодӣ хоҳиш мекунанд, бо дарёфти маълумот дар бораи азизи гумшудаашон ба онҳо, ба вазорати умури дохила ваё Родиёи Озодӣ хабар диҳанд.
XS
SM
MD
LG