Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманиҳо аз Маскав домангиранд?


Валентинас Мите

Суқути ҳавопаймои ширкати арманӣ дар баҳри Сиёҳ ва қаҳру ғазабу нигарониҳо дар баробари ин фоҷиа рахнаҳоеро дар равобити маъмулан гарми миёни Маскаву Ереван ошкор кард. Ва аммо Ҳмаяк Овонесян, раиси Ассосиатсияи олимони сиёсатшиноси Арманистон мегӯяд, дар мавриди он ки ин фоҷиа дар равобити миёни ду кишвар таъсири тулонӣ хоҳанд дошт, ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст:

Ин аз ҷараёни тафтишот вобаста аст. Агар қуттиҳои сиёҳ пайдо шаванд ва сабаби аслии суқути ҳавопаймо муқаррар гардад, ки барои ҳама комилан рушан бошад, хуб ва аммо агар ин кор сурат нагирад, албатта, ба равобити миёни Арманистону Русия латмаи ҷиддӣ ворид хоҳад шуд

Амалиёти ҷустуҷӯ дар ҷойи суқути ҳавопаймои армании Ейрбас А-320, ки аз Ереван ба шаҳри Сочии Русия парвоз мекард, идома дорад. То имрӯз аз зери об ҷасади тақрибан нисфи қурбонии ин фоҷиа, ки аксаран арманиҳо буданд, берун карда шуд. Тафтиши ҳодисаро вазири нақлиёти Русия Игор Левитин ва вазири дифоъи Арманистон Серж Саркисян таҳти назорат доранд.
Ва аммо сабабҳои суқути ҳавопаймо то ҳанӯз рӯшан нашудаанд. Муфаттишон мегӯянд, бидуни қуттиҳои сиёҳ, ки ҷустуҷӯяшон идома дорад, дар мавриди амали сарнишинон то он замоне, ки ҳавопаймо босуръат паст рафт ва ба баҳр уфтод, чизе гуфтан душвор аст.
Беиттилоъӣ арманиҳоро нигарон кардааст - бархе аз онҳо ҳатс мезананд, шояд ҳавопаймо баъди он суқут кардааст, ки диспетчерҳои рус бо вуҷуди ҳавои номусоид ба сарнишинон иҷозаи дубораи фуруд омаданро додаанд. Ва ин дар ҳолест, ки диспетчерҳои гурҷӣ ба ейрбас маслиҳат доданд, ки ба Ереван баргардад.
Ҳамзамон бештари арманиҳо, ба шумули мухолифини сиёсиии ҳукумат, ба тафтиши мунсифонаи фоҷиа аз сӯи Русия шубҳа доранд.
Миёни Русияву Арманистон солҳост равобити наздики стротегӣ барқарор аст. Дар қаламрави Арманистон пойгоҳи низомии Русия мустақар шудааст ва ҳар ду кишвар дар бисёр бахшҳо ҳампаймон маҳсуб мешаванд. Аз ҷумла, Маскав ӯҳдадор шудааст, ки дар сурати ҳамлаи низомӣ ба Арманистон аз ин кишвар дифоъ кунад. Арманистон ҳампаймони Русия дар Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд ва Паймони амнияти дастаҷамъист.
Ва аммо бояд гуфт, ки теъдоди зиёди арманиҳо аз Русия домангиранд. Ва сабаби ин - афзоиши нажодпарастӣ дар Русия аст. Моҳи апрел соли равон дар Маскав як ҷавони 17 солаи арманӣ кушта шуд ва дар ин ҳодиса сартарошидаҳо ваё скинҳедҳои русро гунаҳкор медонанд.
Бархе аз арманиҳо Руссияро дар талоши таҳти тасарруф овардани бахши энерҷии Арманистон муттаҳам мекунанд. Эдуард Оғоҷонов, коршиноси мустақили сиёсии муқими Ереван мегӯяд, Русия Арманистонро чун шарики баробар эътироф намекунад:

Бисёриҳо ба баробарӣ бовар намекунанд, зеро Русия дар мавриди Арманистон он гуна сиёсати хориҷиро ба роҳ мондааст, ки ин на муносибат бо ҳампаймони стротегӣ, балки муносибат бо як зердаст мебошад.

Чанде пеш Арманистон тасмим гирифт як қисмати саҳмияҳои давлатии энерҷиро ба ихтиёри "Газпром"-и Русия гузорад, то аз ду баробар боло бурдани қимати газ барои кишвар ҷилавгирӣ шавад. "Газпром" соли равон қимати газро барои қариб ҳама кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд боло бурд ва аммо қимати газ барои Арманистон ҳамагӣ даҳ дар сад афзоиш ёфту халос. Акнун "Газпром" мехоҳад неругоҳи барқи Арманистонро таҳти назорат бигирад ва ҳамчунин дар бунёди лулаи гази миёни Эрону Арманистон саҳм дошта бошад. Коршиносони арманӣ мегӯянд, ин ба Маскав имкон медиҳад, ки бахши энерҷии Арманистон қариб пурра таҳти назорат дарорад. Ва аммо коршиносони Русия дар ин мавзӯъ назари дигар доранд. Борис Макаренко, муовини раиси Маркази текнолоҷии сиёсӣ мақараш дар Маскав мегӯяд, сиёсати "Газпром" дар Арманистон ҳамон гунаест, ки дар дигар кишварҳо. Ба гуфтаи ӯ, ахиран шиорҳои зиддирусӣ дар Арманистон ҳарчӣ баландтар садо медиҳанд. Ва аммо дар маҷмӯъ, меафзояд Борис Макаренко, равобити миёни Маскаву Ереван чун пештара қавӣ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG