Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Наво" ва "Ҳунар"-и Шашмақом дар "Садои Тоза"


Имсол низ Академияи Мақом ин ҷашнро бо баргузории консертҳову намоишномаҳои ҳунарии ин мактаби суннатии овозхонӣ таҷлил гирифтанд. Абдувалӣ Абдурашидов, ҳунарманди шинохта ва раҳбари Маркази мусиқии суннатии "Наво" дар як сӯҳбате бо Маҷаллаи Садои тоза, ки соатҳо қабл аз баргузории консерт доир шуд, гуфт, феълан, дар қаламрави Тоҷикистон ду маркази аслии мусиқии суннатӣ амал мекунад, яке бо номи "Наво" дар Душанбе ва дигар бо исми "Ҳунар" дар Хуҷанд ҳунар ва мусиқии суннатиро омӯзиш медиҳад.

Дар назди маркази "Наво" дар пойтахти Тоҷикистон дар соли 2003 Академияи Мақом ва соли 2005 мактаби "Шашмақом" барои шогирдони хурдсол таъсис ёфтааст. Фаъолияти ин мактабҳо бо кӯмаки раиси ҷумҳурӣ ва бунёди Оғохон ба роҳ монда шудааст. Аммо бо ин вуҷуд масъулин мегӯянд, ки ҳунари иҷрои мақом дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мушкили зиёд дорад. Абдувалӣ Абдурашидов мегӯяд, мушкилот аслан тахассусӣ ҳастанд ва то ҳанӯз на ҳама паҳлӯҳои ин ҳунар омӯхта шудааст.

Яке аз ҳунармандони овозадори ансамбли мақомхонони Тоҷикистон Озодамоҳ Ашӯрова низ дар лаҳзаҳои занги телефони мо барои ширкат дар консерти бахшида ба Рузи Шашмақом омодагӣ мегирифт. Ин ҳунармарди боистеъдод гуфт, ки ба ҷуз аз таҳсил дар Академияву овозхонӣ дар барномаи кории худ фикрҳои хеле зиёде дорад.

Ва ҳоло як хушхабар барои онҳое, ки дар Аврупову Амрико ба сар мебаранд ва мехоҳанд аз наздик бо ҳунари ин ҳунармандон ошно бишаванд. Ахиран дар Вашингтони Амрико як CD ва навори видеоии ДВД ба нашр расидааст, ки аз як бахши ҳунарнамоиҳои ансамбли Шашмақом ҳикоят мекунад.

Муфассалтар, дар бораи Шашмақом, дирӯз, имрӯз ва фардои он дар барномаи Садои Тоза бишнавед.
XS
SM
MD
LG