Пайвандҳои дастрасӣ

Қадами аввали "Вахш" дар Малайзия


Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар нахустин дидори худ дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC - Конфедератсиони футболи Осиё бар тими «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуд.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Саравак»-и шаҳри Кучинги Малайзия баргузор гардид. Голҳоро Аҳтам Ҳамроқулов (дар дақиқаи 24-ум), Абдуқаюм Қаробоев ( 62-юм) ва Назир Ризомов (81-ум) ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «В» СК «Ратнам»-и Шри-Ланка бар «Мананг Маршиангди Клаб» -и Непал бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «В» дастаи «Вахш» бо се имтиёз мақоми аввалро ишғол мекунад. СК «Ратнам» низ се имтиёз ба даст овардааст, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо дар ҷойи дуввум мебошад. Дар даври дуввуми мусобиқот рӯзи 13 май «Вахш» бо «Мананг Маршиангди Клаб» ва СК «Ратнам» бо «Дордой-Динамо» рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳи «А», тими «Кхемара»-и Кампучия бар «Транспорт Юнайтед»-и Бутан бо натиҷаи 2 бар 1 ва «Татунг»-и Тайван бар «Покистон Арми»-и Покистон бо натиҷаи 4 бар 1 ғолиб омада, се имтиёзӣ ба даст оварданд. Дар даври дуввум «Татунг» бо «Кхемара» ва «Транспорт Юнайтед» бо «Покистон Арми» зӯрозмоӣ мекунанд.

Ва як хабар аз ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ. Тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки бозии навбатиашро дар майдони худ бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дод, бо 16 имтиёз аз шаш дидор дар ҷадвали бозиҳо садрнишин аст. «Регар» ТадАЗ бо 13 имтиёз аз панҷ бозӣ дар ҷойи дуввум мебошад. СSKA-и Душанбе, ки дар меҳмонӣ дастаи «Олими Каримзод»-и Мастчоҳро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод, бо 9 имтиёз аз панҷ дидор дар мақоми севвум қарор дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо:
1. «Парвоз» - 16 имтиёз (6 бозӣ).
2. «Регар» ТадАЗ - 13 (5).
3. CSKA - 9 (5).
4. «Хима» - 7 (3).
5. «Олими Каримзод» - 7 (6).
6. «Вахш» - 6 (2).
7. «Ориёно» - 5 (5).
8. «Хуҷанд» - 5 (5).
9. СКА «Помир» - 3 (4).
10. «Саройкамар» - 2 (4).
11. «Динамо» - 2 (5).
12. «Тоҷиктелеком» - 0 (4).

Аз 13 то 17 май Спартакиадаи мактаббачагони Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 15-солагии истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистон, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ баргузор мешавад. Дар мусобиқот оид ба 11 риштаи варзиш беш аз 1200 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ҳайати дастаҳои мунтахаби вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат меварзанд. Рақобатҳо дар нӯҳ намуд - баскетбол, варзиши сабук, волейбол, гуштии дзюдо, тарзи озод, самбо, юнонию римӣ, тениси рӯи миз ва футболи хурд дар шаҳри Душанбе ва оид ба ду риштаи варзиш - баскетболу таэквон-до WTF дар шаҳри Турсунзода доир мешавад.
XS
SM
MD
LG