Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон


Як ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи марзӣ дар ҳудуди деҳаи Лакони ноҳияи Исфара дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ду марзбони тоҷикро кушта бар ҷой гузоштааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба сомонаи интернетии Радиои Озодӣ хабар дод, ин ҳамла дар шаби 11 ба 12 май рух додааст. Гурӯҳи мусаллаҳи номаълум, ки аз беш аз шаш нафар иборат будааст, соати дую ними шаб аз ҳудуди ҷумҳурии Қирғизистон ба дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон ҳуҷум мекунад. Ду марзбонро кушта ва як нафарро маҷрӯҳ сохта ин гурӯҳ бо ғасби 19 силоҳи оташфишон ва як мусалсал ба ҷониби вилояти Ботканди Қирғизистон равона мешавад. Худойназар Асозода, сухангӯи Вазорати умури дохила гуфт, мошини тамғаи «Опел»-и гурӯҳи мусаллаҳ дар роҳ ба садама дучор мешавад ва аммо ин гурӯҳ як мошини роҳгузари тамғаи «Мерседес»-ро боздошта ва соҳиби онро ба қатл мерасонанд ва бо он «Мерседес» роҳи худро ба Ботканд идома медиҳанд. Дар сад километрии Ботканд ин гурӯҳ ба дидбонгоҳи марзии Қирғизистон дар деҳаи Пунгон ҳамла мекунад ва ду марзбони дигарро дар онҷо кушта ва як нафари дигарро маҷрӯҳ сохта аслиҳаи дидбонгоҳро аз худ мекунад ва ба тарафи вилояти Ӯши Қирғизистон равона мешавад. Худойназар Асозода гуфт, айни ҳол, гурӯҳи мусаллаҳ дар дусад километрии вилояти Ботканд кашф шуда ва амалиёти безараргардонӣ алайҳи он идома дорад.
XS
SM
MD
LG