Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Эрон то ба Исфара .....


... дар нашрияҳои чопи Душанбе

Номаи Маҳмуди Аҳмадинаҷот, раиси ҷумҳури Эрон ба ҳамтои амрикоияш Ҷорҷ Буш ва дар пайи он, масъалаи барномаи ҳаставии Эрон мавзӯъи меҳварии аксари нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта буд.

Ҳафтаномаҳои «Наҷот» ва «Зиндагӣ» дар ин бора матолибе интишор дода нақли қавли масъулини эрониро кардаанд, ки ин мактуб натоиҷе хуб ба бор хоҳад овард ва дарҳои нави музокиротро боз хоҳад намуд.

Дар ин матолиб ҳамчунин фикри мақомоти Амрико ва Русия оварда шудааст. Кондолиза Райс гуфтааст, ин мактуб изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди барномаи ҳаставии Эронро кам намекунад. Ҳамтои руси ӯ, Сергей Лавров иброз доштааст, дар нома посух ба суолоти мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи байнулмилал нест.

Ҳафтаномаи «Факти и Комментарии» бо Носир Сармади Порсо, сафири ҷуҳмҳурии исломӣ дар Тоҷикистон мусоҳаба анҷом додааст. Сафири Эрон гуфтааст, дар ҷаҳон эҳтимоли бӯҳрони энержӣ вуҷуд дорад ва талошҳои кишвари ӯ барои пиёда кардани барномаи ҳаставияш танҳо ба хотири ба даст овардани энержии ҳаставӣ барои истифода дар иқтисоди кишвар нигаронида шудааст. Сафири Эрон дар мавриди мавқеъи Тоҷикистон дар баробари ин масъала гуфтааст, аз мавқеъи ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон, ки ҷонибдори ҳалли дипломатики масъала мебошанд, муташаккир аст.

Як мусоҳабаи дигар дар атрофии барномаи ҳаставии Эрон ва дидгоҳи Тоҷикистон ба ин масъала дар ҳафтаномаи «Миллат» чоп шудааст. Мусоҳиби нашрия, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо гуфтааст, Эрон дар мавриди барномаи ҳаставияш мушкили ҳуқуқӣ надорад ва танҳо мушкили сиёсӣ дорад. Дар мавриди вокунишҳо ва назароти ҷомеаи Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо гуфтааст, ҷомеаи Тоҷикистон дар ин маврид иттилооти зиёде надорад. Ахборе, ки мардуми тоҷик атрофии ин мавзӯъ мегирифтаанд, аз манобеъе будааст, ки ба ин масъала нигоҳи хос доранд. Ва аммо иқдомоти низомӣ алайҳи Эрон барои Тоҷикистон оқибатҳои манфие ба бор хоҳад овард, гуфтааст сиёсатшиноси тоҷик. Абдуллоҳи Раҳнамо гуфтааст, аз ҷанг иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки сармоягузораш Эрон аст, ба тавқиф меафтад ва ҳам ба бозори истеъмолии Тоҷикистон низ зарароте ворид хоҳад сохт.

Як мавзӯъи дигар, ки дар ин ҳафта нашрияҳо ба баррасӣ ва инъикоси он даст зада буданд, қазияи ҳалок шудани узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Исфара буд.

Ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи ҲНИТ марги Саъдулло Маъруфовро иҷборӣ ва куштор номида ва фарзияе пешниҳод кардааст, ки узви ҳизб баъд аз боздошт аз ҷониби мақомоти интизомии ноҳия дар боздоштгоҳ кушта шуда ва баъдан аз ошёнаи сеюми бино партофта шудааст. Мақомоти масъул гуфтаанд, марҳум Саъдулло Маъруфов худ худашро аз тиреза ҳаво додааст.

«А-П» сарлавҳаи матлаби худро «Марги пурасрор дар Исфара» ном гузошта ва бо чопи акси Саъдулло Маъруфов аз қавли мақомоти тафтишотӣ навиштааст, се корманди мақомоти интизомии Исфара бо ҷурми сӯистифода аз мақоми хидматӣ боздошт шудаанд. Додситонии вилояти Суғд ба «Азия - Плюс» гуфтааст, аз рӯи ташхиси қаблии тиббӣ, марги узви Ҳизби наҳзат бар асари зарбаи сахт ба сараш дарв ақти бархӯрд ба замин ба вуқӯъ пайвастааст ва дар тани ӯ ягон зарбаҳои дигар мушоҳида нашудааст. Ҳафтанома навиштааст, намояндагони ҳизб, ки барои таҳқиқи ҳодиса ба маҳал сафар карда буданд, гуфтаанд, ақрабои марҳум дар тани ӯ осори зарбу латро дидаанд.

Нашрияи «Вақт» қавли Ҳизби наҳзатро овардааст, ки дар сурати он ки натиҷаи тафтишоти мақомоти интизомӣ ин ҳизбро қонеъ насозад, ҳизб тавассути намояндааш дар порлумон тақозо хоҳад кард, то ин қазия дубора ва бо ёрии коршиносони байналмилалӣ таҳқиқ бигардад.

Солгарди пирӯзӣ дар ҷанги зидди фашизм аз мавзӯъи дигари матолиби нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта буд. Дар баробари ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои фарзандони мардуми тоҷик дар набардҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, аз бурузи ақоиди фашистӣ дар Русия низ ҳарф задаанд.

Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» навиштааст, ҳар сол ба Тоҷикистон расман ҷасади беш аз чорсад мардикори тоҷик оварда мешавад, ки аксарашон аз дасти неонатсистҳои рус кушта мешудаанд.

«Факти и Комментарии» навиштааст, кушторҳои мабнӣ бар ранги пӯст ва нажод дар хоки Русия дигар тақрибан вокунишеро дар ҷомеаи ин кишвар ба бор намеорад ва ақоиди шовинистӣ ҳатто дар долонҳои ҳукуматӣ садо медиҳанд.
XS
SM
MD
LG