Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белград: "Генерал Младич ба зудӣ боздошт хоҳад шуд"


Зоран Лончар, вазири ҳукми маҳаллии Сербия гуфтааст, генерали фирорӣ Радко Младич то чанд рӯзи дигар боздошт ва ба додгоҳи байналмилалии Ҳейг мустарид хоҳад шуд. Зоран Лончар гуфт, ӯ хушбин ҳаст ва бовар дорад, ки фармондеҳи собиқи сербҳои Буснӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Югославияро ба зудӣ дастгир мекунанд.

Дирӯз вазири хориҷаи Сербия ва Черногория Вуко Дражкович гуфт, Радко Младич таҳти пуштибонӣ ва ҳимояти як шабакаи амниятиии ҳаводори раҳбари собиқи Югославия слободан Милошевич қарор дорад. Горан Петрович, раҳбари пешини хадамоти амниятии Сербия дар ҳамин ҳол амалиёти таъқиби Младичро, ки Белград ба роҳ андохтааст, ҳилаву бозӣ меномад.

Нокомии Белград дар мавриди иҷрои ваъдаи боздошт ва ба Ҳейг мустарид кардани Радко Младич боиси дар моҳи гузашта қатъ шудани музокироти узвияти Сербия бо Иттиҳодияи Аврупо шуд.
XS
SM
MD
LG