Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни Рисбек Аҳмадбоев дар Балиқчӣ


Дирӯз ҷанозаи Рисбек Аҳмадбоев, аз маъруфтарин чеҳраҳои олами ҷиноии Қирғизистонро дар зодгоҳаш шаҳри Балиқчӣ ба хок супурданд. Рисбек Аҳмадбоев шоми сешанбе дар натиҷаи як сӯъиқасд ҳангоми берун омадан аз як масҷиди воқеъ дар канораи Бишкек кушта шуд. Вазири дохилаи Қирғизистон Мурод Суталинов гуфт, ин куштор, ки дар мазҳари ом сурат гирифтааст, кори дасти гурӯҳи ҷиноист.

Рисбек Аҳмадбоев ҳамагӣ 1 моҳ пеш интихоботи миёндавраии парлумониро дар ҳавзаи Балиқчӣ бурда буд, вале Кумиссиюни Марказии Интихобот таъйиди пирӯзии Аҳмадбоевро то замони анҷоми мурофиаи парвандааш ба ҳоли таълиқ дароварда буд.
XS
SM
MD
LG