Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Бародаӣ аз тасмими Шӯрои Амният


Муҳаммад Бародаӣ, раиси созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дирӯз дар Амстердам аз иқдоми ША СММ ҷиҳати кор набурдан аз таҳдиди таҳримот дар қиболи баҳси ҳастаии Эрон истиқбол кард. Оқои Бародаӣ ҳар ду тарафҳои ин баҳсро ба сӯи гузашт даъват кард ва гуфт, нисбат ба дурнамои ҳалли мусолиматомези баҳси уфтода бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон хушбин ҳаст.

Ду рӯз пеш Амрико, ки пуштибонии ША дар мавриди корбурди таҳримот алайҳи Эронро ба даст оварда натавонист, эълом кард, ки ба муттаҳидини аврупоияш барои таҳияи як барнома, ки Эронро ба қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш мутақоид созад, чанд ҳафтаи дигар фурсат медиҳад.

Ҳусейни Интизомӣ, сухангӯи Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон ҳар навъ тарҳи наверо, ки Эронро ба қатъи фаъолиятҳои мусолиматомези ҳастияш даъват кунад, ғайриқобилқабул номид. Теҳрон мегӯяд, ғанисозии ураниумро танҳо дар ҳадде анҷом медиҳад, ки тавлиди маводи сӯхти ҳастаии лозим барои нирӯгоҳҳои атомии кишварро мумкин гардонад. Ва ба ҳеҷ сурат, на ба ҳадде ки барои сохтани бамби ҳастаӣ лозим аст.

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дирӯз дар мулоқот бо донишҷӯён дар як донишгоҳи шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезӣ ин интиқоди Амрикоро радд кард, ки мегуфт, номаи раисиҷумҳури Эрон рабте ба баҳси уфтода бар сари барномаҳои ҳастаии он кишвар надорад. Ӯ гуфт, Эрон дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ ва таҳти назорати муфаттишони созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ амал мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Игор Иванов, дабири Шӯрои Амнияти Миллии Русия алайҳи истифодаи нирӯи низомӣ ба хотири ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон ҳушдор додааст. Игор Иванов гуфта, ки ҳар навъ амалиёти низомӣ авзоъро дар минтақа ва хориҷ аз он аз ҳам хоҳад пошид. Дар ҷараёни музокироти ин ҳафтаи аъзои доимии ША Русия мухолифи тарҳи қатъномае шуд, ки корбурди иқдомоти шадид ва эҳтимолан амалиёти низомиро дар сурати аз қатъи ғанисозии ураниум даст набардоштани Эрон муҷоз мегардонд.
XS
SM
MD
LG