Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи шоҳонаи филми тоҷикии "Овора"


"Парвози эҷод" ҷашнвораи синамои ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ бори дуввум баргузор шуд. Ба иттилоъи Муҳаммад Ғойиб, раиси студияи "Тоҷикфилм", ба ҷуз филми "Овора"-и Гуландом Муҳаббатова ва Далер Раҳматов филми кӯтоҳи "Субҳ"-и Денис Бекетов низ миёни 26 филми синамогарони минтақа дар озмуни ҷашнвора ширкат дошт. Тавре иттилоъ дода будем, ба ҳайати ҳакамон ба ҷуз синамогарони маъруфи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин ҳунармандон аз Фаронса ва Шветсия шомил буданд.
Муҳаммад Ғойиб афзуд, пирӯзии "Овора" дар ҷашнвора имкон медиҳад, ки филм дар фестивали байналмилалии синамои Маскав ширкат кунад. Ёдовар мешавем, қаблан филми "Овора" дар ҷашнвораи филмҳои исломӣ «Минбари заррин» дар шаҳри Қазон ва дар ҷашнвораи байнулмилалии синамо дар Боку низ соҳиби ҷоиза гашта буд.
Филми "Овора"-и Гуландом Муҳаббатова ва писараш Далер Раҳматов дар бораи интизориҳо ва орзуву ормонҳои писараке қисса мекунад, ки падараш барои мардикорӣ ба Русия рафтааст. Ба гуфтаи Гуландом Муҳаббатова, барои иҷро нақшҳо асосан ҳунармандони ғайрикасбӣ даъват шудаанд. Нақши асосиро писараки шашсола Алиҷон Шокиров басо табиӣ ва самимӣ иҷро кардааст, дигар нақшҳоро дар филм Фотима Ғуломова, Абдухолиқ Суфиев, Бахтиёр Раҳимов офаридаанд.
XS
SM
MD
LG