Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯи телефонӣ бо Тошканд, баъд аз як соли фоҷиаи Андиҷон


Дидбони Ҳуқуқи Башар ( Human Rights Watch), мустақар дар Ню Йорк, гуфтааст, ки давлати Узбакистон дар ростои додрасӣ барои қурбониёни саркӯби низомии муътаризони шаҳри Андиҷон дар моҳи майи соли гузашта ҳич кор накардааст. Дар баёнияи ин созмон, ки мирӯз мунташир шуд, омадааст, ки давлати Узбакистон муваффақ нашуд муртакибони он ҳаводиси хунинро ба муҳокима бикашад. Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин ҳушдор додааст, ки тайи як соли гузашта давлати Узбакистон фаъолони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданиро шадидан саркӯб кардааст.
Дар ин бора гуфтугӯе доштам бо Андреа Берг, раиси дафтари созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Тошканд ва нахуст аз ӯ пурсидам, ки интизори онҳо аз мақомоти узбак тайи як соли гузашта чи буда?

"Мо пеш аз ҳама интизор доштем, ки давлати Узбакистон дар мавриди ҳаводиси соли гузаштаи Андиҷон муҳокимаҳои мунсифона ва таҳқиқи байнулмилалии мустақил баргузор кунад. "

Пурсиш: Бале, аммо давлати Узбакистон он ҳаводисро саркӯби низомии муътаризон намедонад. Бино бар тавсифи онҳо, дар майдони Бобури Андиҷон моҳи майи соли 2005 як шӯриши мусаллаҳонаи терруристҳо сурат гирифта буд.

Посух: "Ман, албатта, наметавонам ба намояндагӣ аз давлати Узбакистон суҳбат кунам. Аммо ман муҳокимаҳои Додгоҳи Олиро аз наздик мушоҳида кардаам ва ман кайфархост ё айбномаи муттаҳамон дар муҳокимоти пушти дарҳои бастаро ҳам хондаам. Ва он чи дар он айбномаҳо омадааст, ҳамагӣ марбут ба рӯйдодҳои шаби 12 май аст ва рӯйдодҳои 13 май дар майдони Бобури Андиҷонро нодида гирифтаанд. Шавоҳиди бисёре дар даст аст, ки чандсад нафар дар ҷараёни он рӯйдодҳо кушта шуданд ва ҳанӯз ҳам ҳақ ба ҳақдор нарасидааст."

Пурсиш: Фикр мекунед, ин гузориши шумо чи таъсире рӯи амалкарди мақомоти узбак ва ҷомеъаи байнулмилалӣ хоҳад гузошт?

Посух: "Ман намедонам, ки ин гузориш чи таъсире хоҳад дошт. Мо ин гузоришро бо ҳадафи огоҳ сохтани ҷомеъаи байнулмилалӣ аз шароити феълӣ дар Узбакистон мунташир кардем. Дидбони Ҳуқуқи Башар дар шаҳри Тошканд дафтар дорад ва намояндагони мо бо паноҳҷӯёни узбак дар Қирғизистон соли гузашта суҳбат карданд ва ҳоло мо ёфтаҳои худро дар дастраси умум қарор додаем."

Пурсиш: Шумо ки ҳоло дар Узбакистонед, шоҳиди ҳич навъ беҳбуди ҷузъии вазъияти ҳуқуқи башар дар он ҷо ҳастед ё на?

Посух: "На. Дуруст баръакс. Аз замони ҳаводиси Андиҷон то кунун Узбакистон шоҳиди саркӯби густардае алайҳи ҷомеъаи маданӣ буда. Ҳоли ҳозир чандин мудофеъи ҳуқуқи башар, аз ҷумла Муътабар Тоҷибоева аз Марғилон ва Саидҷаҳон Зайнобиддинов аз Андиҷон барои 5 то 10 сол равонаи зиндон шудаанд. Оқои Зайнобиддинов соли гузашта дар бораи ҳаводиси Андиҷон сароҳатан суҳбат карда буд. Шумори зиёде аз мудофеъони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва фаъъолони ҷомеъаи маданӣ ба кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд. Аз сӯи дигар, давлати Узбакистон чандин созмони байнулмилалиро дар қаламрави кишвар таътил кардааст, аз ҷумла Хонаи Озодӣ, Коунтерпарт Интернашнл, Интернюз, Айрекс. Дафтарҳои Би Би Си ва Озодӣ низ дар Тошканд баста шуданд. Аз ин рӯ дар заминаи ҳуқуқи башар ва ҷомеъаи маданӣ дар Узбакистон ҳич беҳбуде нест. "

Ин буд посухҳои Андреа Берг, раиси дафтари созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки аз шаҳри Тошканд бо родю Озодӣ сӯҳбат мекард.

Мақомоти узбак мегӯянд, ки рӯзи 13 майи соли гузашта дар Андиҷон ҳудуди 190 нафар кушта шуданд. Онҳо он ҳаводисро як шӯриши мусаллаҳона меноманд. Аммо шоҳидони айнӣ ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки талафоти ҷонии он воқеъа ба маротиб бештар буда ва бисёре аз кушташудагон шаҳрвандони бесилоҳ будаанд.
XS
SM
MD
LG