Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди рӯйдодҳои хунини Андиҷон


Созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқи башар дар солгарди тирборон шудани тазоҳургарон дар маркази шаҳри Андиҷони Узбакистон хостанд, нисбат ба қурбониёни ин воқеа аз адл кор гирифта шавад. Amnesty International ё Афви Байнулмилал мегӯяд, мақомоти Ӯзбакистон бо сӯйиистифода аз ин рӯйдодҳо ва бо номи амнияти миллию муборза бо терроризм ба саркӯб кардани озодии баён дар ин кишвар идома медиҳанд. Созмони дигар, Human Rights Watch , мегӯяд, ҳукумат натавонист, гунаҳкорони фоҷиа ва қотилони одамони бегуноҳро ба ҷазо расонад. Раиси намояндагии Human Rights Watch дар Тошканд Андреа Берг ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ивази ин, меафзояд , ҳукумат ба фаъолни ҳуқуқи инсон, журналистон ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ фишор меорад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, дар ҳодисаҳои Андиҷон садҳо нафар ба ҳалокат расид, аммо ҳукумати Ӯзбакистон ин ададро ба 190 нафар маҳдуд мекунад.
Фаъолони ҳуқуқи башар дар Mаскав, Киев, Лондон, Бруссел ва Бишкек расми ёдбуди қурбониёни Андиҷонро баргузор карданд.
Сарони кишварҳои Ғарб гуфтанд, фишорро ба Ӯзбакистон барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG