Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон озими Чин шуд


Талбак Назаров вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар нишасти навбатии вузарои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой озими Чин шуд. Игор Сатторов сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт субҳи 11 май Талбак Назаров вазири хориҷаи Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти мазкур Душанберо ба қасди Шонҳхой тарк гуфт. Нишасти навбатии вузарои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой қарор аст ба таърихи 15 майи соли равон дар шаҳри Шонгҳойи Чин баргузор гардад. Бино ба иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон интизор меравад дар нишасти қарибулвуқӯъи вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мавзӯъи баргузории мулоқоти ояндаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мавриди баррасӣ қарор гирад. Ин мулоқот дар назар аст дар нимаи моҳи май баргузор доир шавад. Вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкорҳои Шонгҳой ҳамчунин дар нишасти худ густариши муносибот ва масоили минтақавиву байналмилалиро низ баҳсу гуфтугӯ мекунанд.
Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 таъсис ёфтааст ва дар ҳоли ҳозир шаш кишвар- Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон узвияти ин созмонро доранд.
XS
SM
MD
LG