Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Кофӣ Анон аз Эрон


Дабири кулли СММ Кофӣ Анон аз Эрон даъват кард, аз мавзеъгирии тундаш ақиб нишаста, худро барои мубоҳиса боз кунад. Феълан Олмону Фаронсаву Бритониё як маҷмӯъаи муҷозот ва имтиёзот дар қиболи масъалаи ҳастаии Эронро таҳия мекунанд. Имтиёзот ба Эрон дар сурати аз фаъолиятҳои ғанисозии ураниум даст кашиданаш ироа хоҳанд шуд ва муҷозот, агар ҳамчунон аз ин талаби ҷомиаи байналмилалӣ сар бипечад. Чунин қарор дар натиҷаи музокироти рӯзҳои душанбе ва сешанбеи вузарои хориҷаи Амрикову Русия, Чину Бритониё ва Фаронсаву Олмон ҳосил шудааст.

Кофӣ Анон гуфт, умедвор аст, ки ба муҷарради омода шудани ин маҷмӯъа Эрон ва ҷомиаи байналмилалӣ даст ба ҳусни тафоҳум хоҳанд ёфт. Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин гуфта, ки тарҳи таҳриршудаи қатъномаи ША як маҷмӯъаи имтиёзот ва ду роҳи ҳаллро барои Эрон пешниҳод хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Ҷокорто, пойтахти Индонезӣ дигарбора аз барномаҳои ҳастаии кишвараш дифоъ кард ва гуфт, ин барномаҳо танҳо аҳдофи осоишта доранд. Аҳмадинажод нигарониҳои байналмилалиро як "дурӯғи кабира" унвон кард ва гуфт, ин дар ҳолест, ки худи онҳо ҳамарӯза анвоъи нави силоҳҳои қатли омро озмоиш мекунанд.

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар Вошингтон аммо гуфтааст, ки номаи Аҳмадинажод посухгӯи нигарониҳои байналмилалӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон набуд. Ба гуфтаи Буш, ин нома ба суоли асосӣ, ки Эрон кай фаъолиятҳои ҳастаияшро бас мекунад, посух намедод. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ин номаро рӯзи душанбе, 8 май унвонии ҳамтои амрикоияш Ҷорҷ Буш ирсол кард. Ин нахустин мавриди мукотибаи байни руъасои ин ду ҷумҳурӣ дар 27 соли охир будааст.
XS
SM
MD
LG