Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани Рисбек Аҳмадбоев дар як сӯъиқасд


Рисбек Аҳмадбоев, як чеҳраи маъруфи ҷиноӣ дар Қирғизистон ва барандаи интихоботи миёндавраӣ барои дарёфти курсии вакили парлумони он кишвар шоми чоршанбе, 10 май дар натиҷаи як сӯъиқасд дар атрофи Бишкек кушта шуд. Вакили мудофеъи вай Рисбек Нуғаев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар бораи ҷузъиёти ҳалокати Аҳмадбоев гуфт: "Рисбек кушта шуд. Ба ман гуфтанд, ки ба сӯи вай ҳангоми аз масҷид берун шуданаш тир андохтаанд. Ва ман акнун роҳии зодгоҳи ӯ Иссиқкӯл мебошам."

Дар интихоботи миёндавраии рӯзи 9 апрел дар ҳавзаи воқеъ дар зодгоҳаш шаҳри Балиқчӣ Рисбек Аҳмадбоев 79 дарсади ороро бурд, вале кумиссиюни марказии интихобот таъйиди пирӯзии ӯро то замони анҷом шудани мурофиаи парвандааш дар додгоҳ ба ҳоли таълиқ гузошт. Ин додгоҳ Аҳмадбоевро ба куштор муттаҳам мекард.
Хешовандони Рисбек Аҳмадбоев мегӯянд, ҷанозаи ӯ имрӯз дар зодгоҳаш Балиқчӣ ба хок супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG