Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо барои нақзи ҳуқуқи инсон


Вашингтон Ҷулия Корвин

Ду конгресмени амрикоӣ - сенатор Ҷон Маккейн ва узви Маҷлиси Намояндагон Кристофер Смит мегӯянд, тарҳи қонунеро дар бораи вазъи демократия дар Осиёи Марказӣ омода кардаанд, ки ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи Узбакистонро ба иллати бад будани вазъи ҳуқуқи башар дар он кишвар пешбинӣ мекунад. Дар сурати тасвиб шуданаш, ин қонун ҳар навъ маблағгузории Амрико ба Узбакистонро то замони беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар он кишвар ва анҷоми таҳқиқоти байналмилалӣ ва қобили эътимоди рӯйдодҳои Андиҷон манъ мекунад.
Ҳамчунин тарҳи қонун мунҷамид сохтани суратҳисобҳои марбут ба мақомоти Тошканд ва манъи сафари онҳо ба Амрикоро низ пешбинӣ кардааст.

Сенатор Ҷон Маккейн, ки як номзади эҳтимолии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2008 низ дониста мешавад, дар бораи режими ислом Каримов хеле бо ҳарорат сухан мегӯяд.
Ҷон МаКейн, ки дар Бунёди Карнеги сухан меронд, гуфт, вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон то рӯйдодҳои Андиҷон ҳам хуб набуд, вале тайи як соли охир боз ҳам бадтар шудааст:

"Як сол пеш дар Узбакистон матбуоти мустақил ва ё аҳзоби воқеъии сиёсӣ вуҷуд надошт, собиқаи давлат дар масъалаи ҳуқуқи башар ваҳшатнок буд ва дар воқеъ касе дар бораи ҳуқуқи сиёсӣ хабар надошт. Аксаран давлат дар либоси мубориза бо терроризми исломӣ мухолифини худро таъқиб карда, ва дар бархе ҳолот нисбат ба маҳбусин аз шиканҷа кор мегирад. Акнун, баъди як сол авзоъ боз ҳам бадтар шудааст."

Ҷон Маккейн мегӯяд, дар пайи ҳаводиси Андиҷон режими Узбакистон як маъракаи ваҳшиёнаи саркӯб кардани дигарандеширо ба роҳ андохта, даст ба боздошту шиканҷаи фаъолони ҳуқуқи башар ва мухолифин задааст.
Сенатор Маккейн ҳамин тавр мурофиаҳои анҷомшуда дар Узбакистонро бо додгоҳҳои сталинӣ монанд мекунад. Тарҳи пешниҳодии Маккейн ба Узбакистон ихтисос ёфтааст. Тарҳи Кристофер Смит вазъи ислоҳоти демократӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро фаро мегирад, вале танҳо дар қиболи Узбакистон ҷорӣ кардани таҳримотро пешбинӣ мекунад.

Кристофер Смит низ муътақид аст, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон то ҳаводиси Андиҷон ҳам бад буд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд Узбакистон бештар аз ҳама кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ тайи 15 соли охир талош дошт, бо Амрико равобити ҳасанаи стротежӣ бунёд кунад, масъалаи ҳуқуқи башар ин равобитро ҳамеша ба мушкилот мувоҷеҳ мекард.

Оқои Смит эътироф мекунад, ки Осиёи Марказӣ бо таҳдиди воқеъие аз сӯи созмонҳои исломӣ, назири Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва Ҳизби Таҳрир рӯбарӯ мебошад, вале ин конгрессмен мӯътақид аст, ки корбурди густарда аз шиканҷа ва ба гуфтаи ӯ, ҷанг бар зидди мусалмонон, масъаларо танҳо печидатар кард:

"Танҳо ба таъқибот такя кардани Каримов, ба эътиқоди ман, масаъалро боз ҳам печида карда, шояд ба суфуфи аъзои созмонҳои тундраву террористӣ ҳам биафзояд."

Ҷон Маккейн дар танқиди аъмоли Тошканд боз ҳам фаротар меравад ва мегӯяд, таҷрубаи бади Узбакистон дар масоили ҳуқуқи башар натанҳо вазъро танҳо дар он кишвар бад кардааст, балки манофеъи Амрико дар минтақаро ҳам хадшадор мекунад:

"Иқдомоти Тошканд нисбат ба манофеъи амниятии мо возеҳан душманона аст ва ин иқдомот алайҳи талошҳои мо ҷиҳати густариши озодӣ ва демократия нигаронида шудаанд. Ман бар ин боварам, ки мо, амрикоиҳо, наметавонем дар баробари чунин бадрафторие, ки дар Узбакистон мебинем, хомӯш бинишинем. Иттиҳодияи Аврупо дигар хомӯш нест. Дар моҳи октябри гузашта, Иттиҳодияи Аврупо таҳримоташро ҷорӣ кард, аз ҷумла манъи фурӯши таслиҳот ба Узбакистонро ва манъи додани раводиди сафар ба мақомоти масъул дар кушторҳои ҷамъиро. Мо низ бояд ҳадди ақал ҳамин корро кунем."

Аммо Кристофер Смит, ки тарҳи пешниҳодиашро Қонуни мусоидат ба рушди демократия ва ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ном кардааст, мегӯяд: "Бахши таҳримот ҳамчунин мунҷамид сохтани суратҳисобҳои марбут ба мақомоти Узбакистон, аҳли хонаводаи онҳо ва ҳамдастони онҳо дар қатли оми Андиҷон ва соъир мавориди нақзи густардаи ҳуқуқи башарро дар бар мегирад."

Ҷон Маккейн дар сӯҳбати ахираш Маскавро ба маҳзи пуштибониаш аз режими Ислом Каримов ба боди шадиди танқид кашида, гуфтааст, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин андшаи эҳёи дубораи имперотурии фурӯпошидаи Шӯравиро дар сар мепарварад. Ҳамин тавр, Кристофер Смит Русияро бозигари бузурге дар саҳнаи Осиёи Марказӣ ба қалам дода, мегӯяд, Маскав ба таври хастагинопазир думболи хадшадор сохтани талошҳои Вошингтон дар ин минтақа мегардад.
(Баргардони Мирзои Салимпур)
XS
SM
MD
LG