Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ гирдиҳамоӣ баргузор мешавад?


Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз мақомоти вилояти Бадахшон хостори иҷоза барои баргузории гирдиҳамоӣ шудаанд. Алим Шерзамонов - раиси бахши Ҳизби Сотсиал-Демократ дар вилоят гуфт, мушкили мардум дар пардохтани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар Бадахшон, ки дар қиёс ба дигар манотиқи Тоҷикистон ду маротиба гаронтар аст ва талош барои ҷалби таввҷӯҳ ба ин масъала ҳар ду ҳизбро водор кардааст, ки гирдиҳамоӣ ташкил диҳанд:
"Аҳолии Бадахшон қодир ба пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, ки онро ширкати "Помирэнержӣ" таъйин кардааст, нест. Қиммати нерӯи барқ дар вилоят 80 фоиз баландтар нисбат ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ аст, ки дар баъзеи ҷой ҳатто нерӯи барқро аз Ӯзбакистон мехаранд."
Масъулини Ҳизби Наҳзат гуфтанд, ки бинобар таъсири ин мушкили иҷтимоӣ ба қишри васеъи ҷомеа тасмим гирифтанд, ки ташаббуси Ҳизби Сотсиал-Демократро ҷонибдорӣ кунанд. Аммо муовини аввали раиси бахши Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Абдулҳусейн Худоиев гуфт, ки аз ҳизби онҳо аз ин иқдом ҳимоят намекунад, чаро ки ширкати "Помирэнержӣ" як ширкати мустақил аст ва нархгузорӣ низ кори ӯст.
Вай иқдоми Ҳизби Сотсиал-Демократ ва Ҳизби Наҳзатро як тарҳи сиёсие номид, ки ба гуфтаи ӯ ду ҳизб дар арафаи интихоботи раиси ҷумҳур барои дарак додан аз худ раҳандозӣ кардаанд. Алим Шерзамонов - раиси бахши Ҳизби Сотсиал-Демократ гуфт, бо вуҷуди гузашти беш аз як ҳафта аз ирсоли номаи расмӣ барои баргузории гирдиҳамоӣ, шаҳрдории Хоруғ ба онҳо посухе надодааст. Ва аммо сардори дастгоҳи шаҳрдории Хоруғ Дилдорбек Вафобеков гуфт, ки онҳо барои баргузории гирдиҳамоӣ мухолифате надоранд, вале барои баргузории он на майдони варзишӣ, ки ташаббускорон талаб доранд, балки рӯ ба рӯи ширкати "Помирэнержӣ", ки дар гӯшаи шаҳр воқеъ мебошад, тавсия шавад.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG