Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозои ҲНИТ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон


Масъулини бахши Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара мегӯянд, Саъдулло Маъруфов, узви фаъоли ин ҳизб зимни боздошти ғайриқонунӣ бар асари зарбу лат аз сӯи кормандони бахши мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бинои шӯъбаи корҳои дохилии Исфара ба ҳалокат расидааст.
Абдусаттор Бобоев, сарвари бахши Ҳизби Наҳзат дар ноҳияи Исфара рӯзи 10 - уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо иддаои кормандони милисаро, ки Саъдулло Маъруфов худро аз ошёнаи сеюми бинои умури дохила ба зер афканда, худкушӣ кардааст, қабул надоранд. Бахши ноҳиявӣ бо ирсоли як муроҷиатнома унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон, Маҷлиси Намояндагон, додситони кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостори таҳқиқи ҷиддии марги Саъдулло Маъруфов шудааст. Абдусаттор Бобоев дар ин маврид гуфт: «Марги он кас як марги маҷбурӣ мебошад. Чунки як муллое, ки тамоми амалашон аз рӯи Қуръону суннат буд, ҳеҷ гоҳ ба худкушӣ даст намезананд. Мо дар изҳоротамон гуфтем, тамоми мақомоти ҳукуматӣ барои пайдо кардани сабагори ин фоҷиа кӯшиш кунанд, то ки ин чиз дар оянда барои таъмини амнияти тамоми шаҳрвандони кишваар бафоида бошад.»
Саъдулло Маъруфов, мутахаллис ба домулло Увайсхон ва масъули бахши фарҳанги Ҳизби Наҳзат дар шаҳри Исфара рӯзи 2-юми май, ба гуфтаи пайвандонаш бидуни ҳеҷ гуна огоҳӣ аз сӯи кормандони бахши мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили вазорати дохила боздошт шудааст. Ва ду рӯз баъд аз ҷасади ӯро ар назди бинои идораи милисаи Исфара ба пайвандонаш супурдаанд. Вале кормандони милисаи Исфара дар рӯзи 10 май аз ҳар гуна сӯҳбат дар робита ба ин қазия худдорӣ варзиданд. Дар робита ба қазияи куштори Саъдулло Маъруфов ду корманди милиса, сарвари гурӯҳи кории бахши мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Исфара ва як корманди дигари ин бахш ба ҳабс гирифта шудаанд. Додситонӣ милисаи сеюми боздоштшударо озод кардааст. Тафтишотро додситонии Суғд пеш мебарад ва сарёвари додситони Суғд афзуд, дар давоми даҳ рӯз додситонӣ нисбати боздоштшудагон айбнома пешниҳод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG