Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби додситонӣ аз Раҳматулло Зойиров


Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ҷиҳати ташреҳи баёнияи худ роҷеъ ба мавҷудияти 1000 маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои ин кишвар ба додситонии кулл даъват шудааст. Шариф Раҷабов - муовини додситонии кулли Тоҷикистон, ки раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистонро таҳти пурсиш қарор додааст, гуфт, вақте раиси як созмони сиёсӣ чунин иддао мекунад, бояд барои исботи он далел дошта бошад ва ҳадаф аз даъват ва пурсиши Раҳматулло Зойиров низ рӯшанӣ андохтан ба ҳамин тарафи масъала аст:" Мо аз Раҳматулло Зойиров хостем, ки ҳамон санадҳое, ки доир ба 1000 маҳбуси сиёсӣ дорад ва дар бораашон сӯҳбат карда буд, ба додситонӣ биёрад."
Раҳматулло Зойиров дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон тақрибан 1000 нафар маҳбуси сиёсӣ мавҷуд аст. Вай барои намуна маҳкумияти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократ, Ёқуб Салимов - вазири собиқи умури дохила, Ғаффор Мирзоев- -раиси пешини Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва Рустам Файзиев - муовини раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Тараққиёт»-и Тоҷикистон ҳукмҳои сиёсии додгоҳ арзёбӣ кард."
Раҳматулло Зойиров мегӯяд, ки баёнияи ӯ дар мавриди зиндониёни сиёсӣ далел барои ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ наметавонад бошад. Аммо ӯ имкони ифтитоҳи парванда бо иттиҳомоти сохта дар арафаи интихоботи раёсатиҷумҳурӣ алайҳи худро баъид намедонад.
Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи Нуралии Давлат - коршиноси мустақили тоҷик ҳарчанд Раҳматулло Зойиров ва ҳизби вай миёни ҷомиа аз пуштибонии густарда бархурдор нест, аммо гузаштаи беолоиши лидери ин ҳизб имкон медиҳад аз муддаиёни курсии раёсатиҷумҳурии кишвар бошад. Вале оқои Давлат мегӯяд, шояд бо Раҳматулло Зойиров сарнавишти Султон Қувват - раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Тараққиёт» такрор шавад, ки ба ӯ имкон надода буданд, дар интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат кунад: "Азбаски Раҳматулло Зойиров як чеҳраи шинохта аст ва аслан ба тиҷорат даст надошт ва дар ҷанги дохилӣ ҳам на қумондон буд ва на ба ҳайси аскар ширкат карда буд ва гузаштаи ӯ аслан рӯшан аст. Аммо шояд таҷрибаи Султон Қувватовро бо ӯ такрор кунанд."
Шариф Раҷабов - муовини додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки алайҳи раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ ҳеҷ гуна мавод ва парвандаи ҷиноӣ таҳия нашудааст, вале додситонии кулл интизор аст, ки Раҳматулло Зоиров феҳрасти 1000 маҳбусони сиёсиро пешниҳод хоҳад кард.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG