Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Тоҷикистон бо се кишвар


Вазири об ва энержии Покистон Алӣ Лақат Ҷатой рӯзи сешанбе гуфт, Покистону Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба бунёди як хати баландшиддати нерӯи барқ аз ин ду кишвар то ба Покистон ба тавофуқ расиданд. Дар марҳилаи аввал қарор шудааст, ки Тоҷикистон таввасути ин хат ба Покистон 1000 мегават нерӯи барқ интиқол диҳад. Дар нишасти "Тиҷорати энержӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ" дар Исломобод, ки рӯзҳои 9 ва 10-уми май баргузор гардид, Покистон изҳори омодагӣ кард, ки солона аз кишварҳои Осиёи Марказӣ то 4 миллиард киловат соат нерӯи барқ мехарад.
Афғонистон гуфтааст, дар роҳи иҷрои тарҳи бунёди хати баландшиддат, ки таввасути қаламрави он кишвар хоҳад гузашт, ҳеҷ мушкиле эҷод нахоҳад кард. Шоҳид Маҳмуд - ҳамоҳангсози конфронси мазкур ва мушовири вазорати обу энержии Покистон дар сӯҳбат бо сафҳаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, қарор шуд, то ки механизми иҷрои ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистону Покистон дар мавриди бунёди хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқ таҳия шавад. Дар конфронс ҷонибҳо тарҳеро интихоб кардаанд, ки тибқи он як хати баландшиддати нерӯи барқ сохта мешавад, ки Тоҷикистону Покистонро таввасути шаҳрҳои Мазори Шариф, Кобул ба Покистон васл хоҳад кард. Шаҳид Маҳмуд гуфт, дар конфронс тасмим гирифта шуд, як гурӯҳи корӣ аз намояндагони чаҳор кишвар Афғонистону Покистону Тоҷикистону Қирғизистон ташкил шавад то онҳо мушаххасоти дигари иҷрои тарҳи мазкурро баррасӣ кунанд ва то се моҳи дигар назароту пешниҳодоти худро ироа намоянд.
Ба гуфтаи Шоҳид Маҳмуд, Тоҷикистон тирамоҳи имсол намояндагони чаҳор кишварро дар шаҳри Душанбе ҷамъ меоварад, то ки онҳо дигар масоили иҷрои тарҳро баррасӣ намоянд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, тарҳи бунёди хати баландшиддати Норак- Мазори Шариф - Кобул - Ҷалолобод бо имтидоди тақрибан 500 километр 490 миллион доллар арзиш хоҳад дошт ва созмонҳои байналмилалии молӣ гуфтаанд, ки барои амалӣ шудани он кӯмак хоҳанд кард.
Иқтисоди дар ҳоли рушди Покистон ҳарчӣ бештар ба нерӯи барқ ниёз пайдо мекунад ва ин кишвар аз дер боз ба нерӯи барқи арзони Тоҷикистону Қирғизистон чашм дӯхтааст. Аммо Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари саршор аз захираҳои фаровони гидроэнержӣ, ки фаслҳои гармо нерӯи барзиёди барқ тавлид мекунанд, имкон надоранд, то онро ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бифурӯшанд.
XS
SM
MD
LG