Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Татунг", "Кхемара", "Вахш" ....


Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC - Конфедератсиони футболи Осиё рӯзи 10 май дар Малайзия оғоз шуд. Дар ин мусобиқот, ки барои дуввумин бор баргузор мешавад, ҳашт бошгоҳи футболи кишварҳои «зуҳурёфта» ширкат доранд. Нахуст рақобатҳо дар гурӯҳи «А» миёни тимҳои «Покистон Арми»-и Покистон ва «Татунг»-и Тайван , «Кхемара»-и Камбоҷа ва «Транспорт Юнайтед»-и Бутан баргузор шуд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «В» шомил аст, дар аввалин дидори худ рӯзи панҷшанбеи 11 май бо тими «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон зӯрозмоӣ мекунад. Воқиан, дар нахустин давраи мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC соли гузашта дар Непал дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар бозии ниҳоӣ бар тими «Дордой-Динамо» бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуда буд. Дарвозабон Аслиддин Ҳабибуллоев, капитани тими «Вахш», ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба пирӯзии дастаи худ дар қувваозмоӣ бо қаҳрамони футболи Қирғизистон бовар дорад.

Ва як хабари дигар. Дидори пешсафони ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон -- «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки рӯзи 11 май баргузор мешавад, бозии марказии даври навбатӣ миёни дастаҳои лигаи олӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарду даста то ҳол ба мағлубият дучор нашудаанд. «Парвоз» бо 15 имтиёз дар ҷадвали бозиҳо дар мақоми аввал қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 12 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад. Дастаи «Хима»-и Душанбе пас аз чаҳор бозӣ бо 10 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад.
XS
SM
MD
LG