Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми солонаи Владимир Путин ба мардуми Русия


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин имрӯз гуфт, кишвараш ба артиши қавӣ на танҳо ба хотири дифоъ аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ ниёз дорад, балки барои истодагӣ дар муқобили фишорҳои сиёсӣ аз хориҷ низ. Ҳангоми ирои паёми солона ба порлумон ва мардум Владимир Путин гуфт, артиши Русия бояд "қодир ба вокуниши муносиб ба таҳдидҳои муваққатӣ" бошад.
Вай афзуд, ҳанӯз барвақт аст гуфтан, ки мусобиқаи байналмилалии таслиҳотӣ ба поён расидааст, чаро ки он ҳанӯз идома дорад ва ба "сатҳи нави технолоҷӣ" расидааст. Дар бахши дигаре аз суханонаш Владимир Путин гуфт, Русия танҳо таҳти шароите ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ хоҳад пайваст, ки он манофеъи иқтисодии Русияро ба инобат бигирад. Оқои Путин афзуд, дар музокироти узвияти Русия ба Созмони Тиҷоратии Ҷаҳонӣ нашояд талаботеро пеш овард, ки иртиботе ба масъалаи вуруди Русия ба ин созмон надорад.
Раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт, беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии мардуми Русия авлавияти аслии ҳукумат аст. Владимир Путин дар идома ба масъалаи коҳиши аҳолии Русия низ дахл кард, ки солона 700 ҳазор нафар камтар мешавад ва ӯ барои ҳалли ин мушкил, иқдомотеро барои костани маргумир ва анҷоми сиёсати муҳоҷиратии муассир пешниҳод кард. Вай гуфт: "Лозим аст, то муҳоҷирати афроди соҳибмаърифат ва мутеъи қонун ба Русия ташвиқ шавад."
XS
SM
MD
LG