Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Калӯши нуқрагин"-и ҳунар...дуздон


"Калӯши нуқрайӣ"-иро имсол инчунин дастаи ҳунарии "Корни" ба худ ихтисос дод, ки ба таври ошкоро таронаҳои маъруфи Пахмутова ва Паулсро аз худ карданд. Ҷоизаи мазкур барои плагиат, яъне дуздии моли оҳангсозони дигар дода шуд. Дар ин замина ман сӯҳбате доштам бо Наталя Синдеева, раҳбари генералии радиои "Серебрянний дожд". Ӯ гуфт, ки ҳамроҳ бо таъсисёбии ин радио онҳо дар фикри таъсиси чунин як ҷоизае шуданд, ки ҳунари имрузаи Русияро аз диди танқид ва зарофат таҳқиқ намояд. Ӯ мегӯяд, он замон дар саҳнаи ҳунари попи ин кишвар, овозхонони зиёд мисли Филипп Киркоров, Ирина Аллегрова - ба дуздии моли ҳунармандони дигар мезанад.

"Агар бигӯям, ки баъди таъсиси ҷоизаи "Калӯши нуқраи"-и мо чизе ба таври бунёдӣ тағйир ёфт, на, дуруст намешавад. Аммо ин паҳлӯи масъала, ки ҷоизаи мазкур таваҷҷӯҳи ҷомеаро ҷалб кард - бале, дуруст аст. Масалан, мо нахустин шуда гуфтем, ки баъзе оҳангсозони ба истилоҳ барҷаставу номдори кишвар, онҳое, ки гӯё намунаи фарҳанги замонавии Русия ҳастанд, баъзан ба моли оҳангсозони дигар даст мезананд. Намешавад гуфт, ки яку якбора оҳансозони мо аз дуздии оҳангҳои ҳамкасбони худ даст кашиданд, аммо ба шарофати мо дар ҷомеа ин ақида роҳ ёфт, ки дуздии моли кас айб аст"

Вожаи "калӯш" дар исми ҷоиза ба унвони ишора ба як зарбулмасали русӣ омадааст, ки мазмунаш чунин аст: нафаре, ки ба калуш нишастааст, ӯ шарманда шудааст. Ва тавре таҷрибаи ташаббускорони ин ҷоиза нишон медиҳад, ба фарқ аз тӯҳфаву унвонҳои дигари ҳунарӣ маъмулан дарёфти ҷоизаи "Калӯши нуқрайӣ" барои аксар барандаҳои он як амали номақбул дониста мешавад. Наталя Синдеева дар ин бора мегӯяд:

"Ҳар сари чанд вақт ин ё он нафар аз мо меранҷад. Аммо агар куллан нигоҳ кунед, ҳама мефаҳмад, ки мо нияти нопок ва ё ғаразеро дунбол намекунем. Ҳадафи мо ин аст, ки ба кори ҳамкасбони худ аз нигоҳи танз ва ҳазлу шухӣ муносибат кунем. Маъмулан онҳое, ки аз мо меранҷанд, аз руйрост баён кардани фикри худ мешарманд, чунки дар қалби худ мефаҳманд, ки кори онҳо чандон дуруст нест"

Имсол, Маша Малиновская, як хонуме, ки дар шоу-бизнеси Русия бо нашри навору аксҳои нимабараҳнааш маъруф шудааст, барои гирифтани ҷоиза ба толори консертӣ ҳозир шуд. Ҷоизаи ӯ дар бахши истифодаи аз ҳад беши силикон будааст.

"Аз нигоҳи куллӣ ҳадафи ниҳоии мо тақдими ҷоизаи "Калӯши нуқраӣ" нест. Ҳадаф ин аст, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба маҳсули кори ҳунармандон ҷалб кунем. Аксаран барандагон барои гирифтани ҷоизаи худ ба толор ҳозир намешаванд, аммо батадриҷ ин мушкил ҳам ислоҳ мешавад. Ҳатто ҳолатҳое мешаванд, ки баъзеҳо ба мо телефон карда мегӯянд: "ман фалон иштибоҳро кардам, ба ман "Калӯш" диҳед". Онҳо хуб мефаҳманд, ки ин ҷоиза роҳи дигари таблиғ ва касби маъруфият аст"

Хуб, ин буд намунае аз мубориза бо плагиат дар саҳнайи ҳунари Русия.

Аммо ҳунари Тоҷикистон низ тавре мебинем, аз чунин гуноҳҳо орӣ нест. Як овозхон бидуни мушкил таронаи ҳамкасби худро истифода мекунад, аз муаллифи оҳанг иҷозат намегирад ва касе ҳам дар ин бора даъво намекунад. Аммо чист сабаби ба вуҷуд омадани чунин як шароит дар саҳнаи ҳунари миллии Тоҷикистон? Ман ин мавзӯъро дар сӯҳбат бо хабарнигор ва мутахассиси мусиқӣ Бунафша Одинаева дар миён гузоштам. Хонум Бунафша, корманди Телевизиони давлатии Тоҷикистон аст ва муддате шӯъбаи мусиқии ин ниҳодро раҳбарӣ кардааст. Ӯ мегӯяд:

"Ба назари ман ин масъала ду сабаб дорад. Аз сӯе овозхон мекушад, таронаи мушаххасро интихоб карда онро ба тарзи худ иҷро кунад. Қаблан овозхонон чунин корро танҳо баъди гирифтани иҷозати хонандаи ҳамкасбашон мекарданд. Ва имрӯз мебинем, ки ҷуғрофиёи интихоби таронаҳо хеле густариш ёфтааст. Дар чунин ҳолат, аз назари ман як масъалаи ахлоқӣ вуҷуд дорад: агар овозхон чашм ба таронаи ҳамкасбаш дӯхта бошад, ва ба хусус ба таронаи ҳамватани худ, нафаре ки бо ӯ ҳамроҳ дар як саҳна овозхонӣ мекунӣ, бояд ҳатман иҷозати ӯро бигирад. Ва дар чунин ҳолат ӯ бояд ин таронаро беҳтар аз овозхони аслӣ иҷро кунад. Маъмулан мо шоҳиди иҷрои ба истилоҳ нусхайи хеле камранги таронаи аслӣ мешавем. Ва сабаби дуюми ба дуздии моли ҳунармандони дигар даст задани баъзе овозхонони тоҷик ин аст, ки онҳо мехоҳанд ба шӯҳрати таронаи аллакай маъруф шарик шаванд. Дар чунин ҳолат ба андешаи ман бояд масъалаи қонунмандии чунин амал баррасӣ шавад"

Ҳарчанд, саҳнайи ҳунари тоҷик ёд надорад, ки нафаре аз овозхонон барои плагиат муҷозот ва ё ба ҳеҷ навъ ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошад, аммо дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо маҷаллаи мусиқии "Садои тоза" оҳангсоз Исматулло Холов гуфт, ки муддате пеш вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар назди ин ниҳод як камиссиюни бадеиро таъсис дода буд. Ҳадафи он, ба гуфтаи Исматулло, назорат аз фаъолияти ҳунармандон аст, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз дуздии моли ҳамдигар, аз истифодаи фонограмма, аз роҳёбии матни ба гуфтаи ӯ номатлуб дар оҳангҳои овозхонон мебошад. Агар ҳунарманд, ба гуфтаи ӯ, дар чунин гуноҳҳо айбдор дониста шавад, наворҳои ӯро аз роҳёбӣ ба телевизион, ва ҳузури ӯро дар консертҳои ҳукуматӣ ва ҷамъомадҳои дигари давлатӣ иҷозат намедиҳанд. Аммо Бунафша Одинаева, ки ҳама гуна сензураву назорат бар фаъолияти ҳунармандон ва эҷодиёти онҳоро амали нораво медонад, мегӯяд, масъалаи плагиат бештар дар шароити нобасомониҳои солҳои ҷанги дохилӣ ба авҷи аълои худ расида буд ва ба саҳнаи ҳунар ҳар касе роҳ ёфт, ки пул дошт ё шиноси хуб ва ё роҳи дигарро истифода кард. Ӯ мегӯяд, ба пирӯзии кодекси ахлоқии ҳунармандон умед мебандад, ки батадриҷ ҳама масъаларо ҷо ба ҷо хоҳад кард. Ва ба унвони як намунаи хуби иҷрои таронаи маъруфи овозхонони дигар ӯ ба суруди маъруфи Гугуш ишора кард, ки соли гузашта аз ҷониби овохони испанӣ Энрике Иглессиас иҷро шудааст.
XS
SM
MD
LG